24.08.2020
: 968
22 август бозиҳои даври ҳафтуми лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор шуданд.
Пешсафи чемпионат – дастаи “Сипар”-и Хуҷанд дар бозии хонагӣ ба дастаи “Самандар”-и шаҳри Турсунзода раҳм накард – 13:1. Дар ҳайати тими ғолиб Раҳмоналӣ Шарипов ва Иқбол Воситзода хет-трик карданд. Баҳодур Хоҷаев, Абдусамад Раҳмонов ва Алишер Сафаров дуголӣ, Ҷони Ҷгеренаиян ва Раҳмоналӣ Шарипов якголӣ заданд.
“Истаравшан” бо душворӣ тими “Муҳоҷир”-ро мағлуб намуд – 8:7. Парвиз Раупов ба нафъи тими мизбон дар дақиқаи 2-юм ҳисобро кушод. Бозингари меҳмон Самандар Ризомов ду гол зада, “Муҳоҷир”-ро ба пеш баровард. Парвиз Раупов голи дуюмашро зада, ҳисобро баробар кард. Хуршеди Зайниддин ба дарвозаи дастааш гол зад – 3:2. Шаҳбоз Бобоҷонов дар дақиқаи 23 голи 4-уми истаравшаниҳоро зад. Дар ҳафт дақиқа “Муҳоҷир” тавассути зарбаҳои нишонраси Бахтиёр Солиев ва Самандар Ризомов ҳисобро боз ҳам баробар намуд – 4:4. Хуршеди Зайниддин голи панҷуми тими Душанберо ба ҳадаф расонид, вале Холид Сабуров ба нафъи тими мизбон се гол зад – 7:5. Самандар Ризомов дар дақиқаи 35 ҳисобро тағйир дод – 7:6, вале бозингари тими мизбон Шаҳбоз Бобоҷнов дар дақаи 38 голи ҳаштуми “Истаравшан”-ро зад. Самандар Ризомов дар дақаи 40-ум боз як тӯб ба ҳадаф расонд, вале вақти бозӣ тамом шуд – 8:7.
Дар бозии дигар “Соро компания” дар сафар бар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 13:4 ғалаба кард. Дар ҳайати тими Душанбе Насим Шарипов 4 гол ба номаш сабт кард, Вахтанг Какелия ва Муҳаммад Шарипов дуголӣ. Дар ҳайати “Равшан Ҷамшед Муродов хет-трик анҷом дод.
Бозиҳои даври навбатӣ 31 август баргузор мешаванд. Дар даври 8-ум «Истаравшан» бо «Сипар», «Самандар» бо «Равшан», «Муҳоҷир» бо «Соро компания» бозӣ хоҳанд кард.
ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
1 | "Сипар" (Хуҷанд) | 7 | 6 | 1 | 0 | 49-17 | 19 |
2 | "Соро компания" (Душанбе) | 7 | 5 | 1 | 1 | 54-12 | 16 |
3 | "Муҳоҷир" (Душанбе) | 7 | 4 | 0 | 3 | 41-34 | 12 |
4 | "Истаравшан" (Истаравшан) | 7 | 3 | 0 | 4 | 51-49 | 9 |
5 | "Равшан" (Кӯлоб) | 7 | 1 | 0 | 6 | 30-68 | 3 |
6 | "Самандар" (Турсунзода) | 7 | 1 | 0 | 6 | 35-80 | 3 |