20.08.2020
: 1049
20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдончаи муосири варзиширо мавриди истифода қарор доданд.
Майдончаи варзишии замонавӣ аз тарафи соҳибкори саховатпешаи маҳаллӣ Сафар Ризвонзода сохта шудааст. Оилаи Ризвоновҳо дар пайравӣ аз корҳои созандаю ташаббусҳои беназири Пешвои миллат иқдом гирифтанд, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар фурсати кӯтоҳ чунин як иншооти варзишии муосир бунёд намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми ҷавонмардони соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос намуда, амали бунёдкоронаи ӯро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъ мебошад ва дар он бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол гузаронида мешаванд.
Акнун ҷавонону наврасони хуштолеи ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол имкони васеи машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзишро дар ин майдонча пайдо карданд.
Дар шафати варзишгоҳ майдони васеи футбол мавҷуд аст. Ҳамчунин як майдончаи бозӣ барои кӯдакон низ бунёд шуда истодааст ва он рӯзҳои наздик пурра ба истифода супорида мешавад.
Дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон 3 майдончаи муосири варзишӣ мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудааст ва ҳоло сохтмони боз 3 майдони варзишии дигар низ бо ҷалби ҷавонмардони саховатманд идома дорад.
Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Рӯшон беш аз 20 иншооти варзишӣ мавҷуд аст.
Айни замон дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Рӯшон 646 нафар наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб карда шудаанд.