19.08.2020
: 965
17 август бозиҳои даври аввали лигаи ҳендболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар мусобиқот 8 даста – “Душанбе”, “Марко Поло”, “Сарез”, “Скиф”, “Сокол”, “Пагранчи”, “Паразити” ва “Ҳисор” иштирок доранд.
Ба иттилои Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон, дар даври аввал “Сарез” бар тими “Ҳисор” бо ҳисоби 27:24 ғалаба кард. “Пагранчӣ” бар “Марко Поло” бо ҳисоби 37:28 пирӯз шуд. Дар ду бозии дигар “Сокол” аз тими “Паразити” бо ҳисоби 17:36, “Скиф” аз дастаи “Душанбе” бо ҳисоби 31:38 мағлуб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳо дар ду марҳила баргузор мегардад. Марҳилаи аввали лигаи ҳендболи Тоҷикистон то 28 август идома меёбад.