11.08.2020
: 1080
Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) эълон кард, ки Бозиҳои соҳилии Осиё дар Санйаи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 2 то 10 апрели соли оянда баргузор мешавад.
Ташкилкунандагон, баъд аз он ки Ҳукумати Чин баргузории чорабиниҳои варзишии байналмилалиро то охири соли 2020 манъ кард, маҷбур шуданд бозиҳоро, ки баргузориаш аз 28 ноябр то 6 декабри имсол ба нақша гирифта шуда буд, барҳам диҳанд.
Гуфта шуд, ки ин қарор дар пасманзари бемории КОВИД-19, ки то вақти номуайян идома меёбад, қабул шудааст.
ОСА иброз намуд, ки номи “Санйа-2020”, новобаста ба он ки чорабинӣ дар соли 2021 баргузор мешавад, истифода мегардад.
“Қарор дар мувофиқа бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои соҳилии Осиё дар Санйа, бо мақсади таъмини бехатарии варзишгарон ва намояндагони расмӣ, инчунин тамошобинон дар замони пандемияи КОВИД-19, қабул шудааст”, - омадааст дар изҳорот.ОСА бовар дорад, ки бозиҳо дар ҳамкории якҷояи ҷонибҳои манфиатдор дар сатҳи баланд доир мегардад.