Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи бонувон-2020: “Зебонисо” ба “Хатлон” наздик мешавад

27.07.2020

: 1030

Рӯзи якшанбе, 26 июл, бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон сурат гирифт.

Бозии марказии давр миёни дастаҳои “Зебонисо” ва “Зебо” баргузор шуд. Дидори дастаҳо бо пирӯзии душанбегиҳо (4:0) поён ёфт. Рӯзигули Ҳасан ду гол, Амина Собирова ва Некубахт Худододова якголӣ ба ҳадаф расониданд.
Бохти “Зебо” сабаб шуд, ки дастаи “Хатлон” пас аз пирӯзӣ бар тими “Регар-ТадАЗ” (3:0) пешсафи ягонаи ҷадвали чемпионат гардид.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими “Панҷшер” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, аввалин ғалабаашро ҷашн гирифт. Се холи аввалинро ба “Равшан” Гулфайрӯз Ҳазратова овард.
Дар ду бозии дигар “Бешкент” ба дарвозаи “Барқ” 11 голи беҷавоб, “Ҳосилот” ба дарвозаи “Чашма” як голи беҷавоб заданд.

     Б     Ғ     М     Б     Т-Т      Х   
 1     "Хатлон" (Бохтар)     7  6  1  0  45-4  19
 2  "Зебонисо" (Душанбе)    7  6  0  1  56-2  18
 3  "Зебо" (Дӯстӣ)  7  5  1  1  35-7  16
 4  "Бешкент" (Носири Хусрав)     7  4  1  2  28-6  13
 5  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  7  3  1  3  30-8  10
 6  "Барқ" (Норак)  7  3  0  4  5-38  9
 7  "Ҳосилот" (Фархор)  7  2  1  4  4-19  7
 8  "Чашма" (Шаҳритус)  7  2  0  5  8-38  6
 9  "Равшан" (Кӯлоб)  7  1  0  6  1-35  3
 10  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)    7  0  1  6  4-59  1

Дар даври ҳаштум вомехуранд:
29 июл (чоршанбе)
«Хатлон» – «Ҳосилот»
«Зебонисо» – «Чашма»
«Бешкент» – «Зебо»
«Панҷшер» – «Барқ»
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»