Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо эҳтимол аст моҳи сентябр шуруъ шавад

Мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо эҳтимол аст моҳи сентябр шуруъ шавад Мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо эҳтимол аст моҳи сентябр шуруъ шавад

10.06.2020

: 1206

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) умедвор аст, ки силсиламусобиқоти ҷаҳонии ҷудоро, ки бо сабаби бемории ҳамагири COVID-19 муваққатан боз дошта буд, моҳи сентябр аз нав шуруъ кунад.

Дар номае, ки ба ҳамаи федератсияҳои миллӣ фиристода шудааст, президенти IJF Мариус Визер моҳи сентябрро таърихи эҳтимолии шуруи мусобиқаҳо гуфтааст, вале таъкид кардааст, ки боз ҳам ба вазъи тандурустии ҷаҳон вобаста мебошад.
“Мо умедворем, ки дар тирамоҳ буҳрон дар соҳаи тандурустии ҷаҳон дигар монеи кор ва парвози ҳавопаймоҳо нахоҳад шуд”, - изҳор доштааст М. Визер.
Дар нома гуфта шудааст, ки IJF бо ташкилкунандагони мусобиқот, ки баргузор нашуданд, барои таҳвилашон гуфтушунид дорад. IJF нақша дорад мусобиқаҳоеро доир намояд, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ барои ҳамаи иштирокчиёне, ки ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ талош доранд, дастрас бошад.
Бемории ҳамагирии COVID-19 давоми 4 моҳи гузашта боиси қатъи машғул шудан ба варзиш дар тамоми ҷаҳон гардид. Акнун дар баъзе кишварҳо маҳдудиятҳоро, ки ба хотири паҳншавии беморӣ ҷорӣ гардида буд, сабуктар мекунанд.
Паҳншавии вирус, ҳамчунин боис шуд, ки бори аввал дар таърих Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ба таъхир афтод.
Тибқи маълумоти охирин дар ҷаҳон беш аз 7,7 миллион нафар ба COVID-19 гирифтор шудаанд ва беш аз 409 000 нафар аз ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.