Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол 16 июн идома меёбад

08.06.2020

: 1608

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба идомаи баргузории бозиҳо дар мавсими нав иҷозат дод. Чемпионати Тоҷикистон бо бозиҳои даври панҷум 16 июн аз сар гирифта мешавад.

Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ охири моҳи апрел бо сабаби бемории ҳамагири COVID-19 муваққатан боздошта шуда буд. Ҳамакнун бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон чемпионат аз се марҳила ба ду марҳила кам карда шуд. Ҳамин тариқ, ҳар даста то охири мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.
То охири моҳи апрел бозиҳои 4 давр баргузор шуданд. “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар бо 10-холӣ пешсаф мебошанд.
Футболбозони клубҳои лигаи олӣ аз 1 июн ба тамринҳо оғоз кардаанд. Баъд аз шуруи дубораи мавсим бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон бе иштироки мухлисон баргузор мешаванд.