Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳамдардии олимпичиён ба Зебунисо Рустамова

29.05.2020

: 1146

Кормандони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва аъзои Ҳаракати олимпии кишвар аз даргузашти Комила Рустамова - модари ҷоизадори Бозиҳои олимпии Монтреал-1976 Зебунисо Рустамова сахт андӯҳгин буда, ба ӯ ва аҳли байташ изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Комила Рустамова 18 майи соли равон дар 93-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пушид.
Комила Рустамова 7-уми ноябри соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо бо ихтисоси муаллими химияву биология хатм кардааст. Баъд аз хатми омӯзишгоҳ соли 1957 дар мактаби №18-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ намуд. Баъдан дар вазифаҳои директори мактаби №18, раиси Иттифоқи касабаи маорифчиёни шаҳри Душанбе ва мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият дошт.
Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар қатори даҳҳо занони дигари тоҷик дар ақибгоҳ истода, дар расонидани маҳсулоти ниёзи аввал ба сарбозону афсарони дар ҷанг қарордоштаи тоҷик машғул буд. Ба ин хотир дар арафаи 75-солагии Ғалаба дар қатори дигар иштирокчиёну собиқадорони ҷанг бо медали “75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” сарфароз гардид.
Худи Зебинисо Рустамова пас аз марги модараш нотоб шуд ва дар доираи ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Кумита ба аёдати ӯ рафта, барои муолиҷа кӯмак намуданд.
Кормандони Кумита, аъзои Ҳаракати олимпии Тоҷикистон ба Зебинисо Сангиновна аз даргоҳи Худо шифои оҷил ва комил талаб мекунанд.
Зебинисо Рустамова соли 1976 дар ҳайати тими Иттиҳоди Шӯравӣ ба гирифтани медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монтреал мушарраф шуд. Ӯ, ҳамчунин, чемпиони чоркаратаи ҷаҳон, чемпиони секаратаи Аврупо ва рекордгузори бисёркаратаи чемпионати ҷаҳон, Аврупо ва ИҶШС мебошад.