Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

2-юм Бозиҳои соҳилии ҷаҳон соли 2023 доир мешавад

02.05.2020

: 1360

Бозиҳои соҳилии ҷаҳон, ки бояд соли оянда баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи Covid-19 ба соли 2023 таҳвил дода шуд.

Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC), ки ташаббускори бозиҳо мебошад, ин тасмимро ба хотири кам кардани фишор болои кумитаҳои миллии олимпӣ ва бо мақсади он ки онҳо оид ба омодагии варзишгаронашон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки ба соли 2021 гузаронида шуд ва Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 фикр кунанд ва омодагӣ бинанд, гирифтааст.
Аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳон соли 2019 дар Доҳаи Қатар доир гашт ва аз рӯи нақша он бояд ҳар ду сол баргузор шавад, вале акнун баъд аз чор сол доир мегардад.
“Дар робита ба он ки Бозиҳои олимпии Токио ба соли оянда таҳвил дода шуд ва пас аз шаш моҳ Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 ба нақша гирифта шудааст, Кумитаи иҷроияи ANOC ба хулоса омад, ки баргузории Бозиҳои соҳилии ҷаҳон миёни ду бозиҳои олимпӣ фишори бузург болои кумитаҳои миллии олимпӣ мешавад. Албатта варзишгарон ва барномаи бозиҳо фарқкунандаанд, аммо кумитаҳои олимпӣ бояд дастаҳояшонро омода кунанд, - омадааст дар изҳороти ANOC. – Бо таҳвил додани бозиҳо мо ҳаҷми кори кумитаҳои миллии олимпиро дар соли оянда камтар мекунем ва барои омодагӣ ва сафарбар кардани беҳтарин варзишгаронашон дар соли 2023 имкон фароҳам меоварем”.