29.04.2020
: 1273
Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ (WA) ҳамроҳ бо Фонди байналмилалии варзиши сабук (IAF) дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари ШМА Фонди ёрӣ таъсис доданд, то варзишгаронеро, ки бо сабаби пандемияи COVID-19 ба мушкили молиявӣ дучор шудаанд, дастгирӣ намоянд.
Ин тадбир дар пайи идеяи чемпиони дукаратаи Бозиҳои Олимпиада, рекордгузори ҷаҳонӣ Ҳишам Ал-Гуероуҷи марокашӣ рӯи даст гирифта шудааст.
Президенти Варзиши сабуки ҷаҳонӣ ва Фонди байналмилалии варзиши сабук Себастян Коу иброз намуд, фонд варзишгаронеро, ки бо сабаби доир нашудани мусобиқаҳо дар чанд моҳи охир даромади молиявӣ надоранд, дастгирӣ мекунад. Коу гурӯҳи кориро роҳбарӣ мекунад, ки дархостҳои воридшударо тариқи шаш ташкилоти қитъавии варзиши сабук баррасӣ менамояд.
“Ман аз ҳоли варзишгарон дар тамоми ҷаҳон хабар дорам ва медонам, ки бисёри онҳо бинобар доир нашудани мусобиқот дар ду моҳи охир марҳилаи душвори молиявиро паси сар мекунанд, - гуфтааст Себастян Коу. – Зеро даромади молиявии варзишгарони касбии мо асосан аз ҷоизаҳои мусобиқот ба даст меомад. Мо умед дорем, ки охири сол ягон мусобиқаро баргузор мекунем, вале ҳамзамон кӯшиш менамоем, ки тариқи фонд ва маблағҳои иловагӣ, ки шояд аз дӯстдорони варзиши сабук ба даст оварем, варзишгарони бештарро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кунем”.