18.04.2020
: 1189
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои рушди доимии футбол дар кишвар бо ҷоизаи нуқрагини Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) сарфароз гашт.
Хартияи футболи оммавии AFC далели рушд барои дастгирии ассотсиатсияҳои футбол ва баланд бардоштани сифати барномаҳо барои оммаи васеъ маҳсуб меёбад. Он 20 муқаррарот дорад, мисли мусобиқаҳои оммавӣ, сохтор, фаъолияти рекламавӣ ва шарикӣ, ки ФФТ ҳамаи онро иҷро мекунад.
Бо мақсади иштироки наврасону ҷавонон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ФФТ диққати асосиро ба се самти калидии рушди футбол равона кардааст: барномаҳо барои бозингарон, мусобиқоти оммавӣ ва лоиҳаҳо барои бонувон.
ФФТ нақаши солонаи фаъолияташро барои ҷалби васеи аҳолӣ таҳия кард, ки чорабиниҳои гуногун, мусобиқот ва фестивалҳо барои кӯдакони аз 6 то 14-соларо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ намудааст.
Мақсади асосии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар рушди футболи оммавӣ, иштироки васеи кӯдакон мебошад. Дар умум 31990 кӯдак дар мусобиқот ва фестивалҳои футбол иштирок кардаанд.
ФФТ ва федератсияҳои минтақавии футбол як қатор мусобиқаҳои ҳаваскорӣ оид ба футбол, футболи хурд миёни калонсолони синнашон аз 23 боло ташкил карданд. Дар чор мусобиқа, мисли Ҷоми раиси шаҳри Душанбе, Ҷоми раиси шаҳри Душанбе оид ба футболи хурд, Ҷоми КФ “Истиқлол” ва Ҷоми «Pure Game» оид ба футболи хурд 126 даста ширкат карданд.
Федератсияҳои минтақавии ФФТ, инчунин мусобиқаҳои ҳаваскорӣ миёни муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои давлатӣ ва собиқадорон баргузор карданд. Дар чемпионати Тоҷикистон миёни собиқадорон 8 даста иштирок менамоянд.
Барои ҷалби духтарон ба футбол ФФТ силсилаи фестивалҳо ва мусобиқаҳоро миёни бонувон доир намуд. Дар умум, 20 дастаи футболи бонувон дар 180 бозии лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ва чемпионат миёни духтарони то 15-сола, ки ҳар сол доир мегарданд, ширкат мекунанд.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ изҳори умед кард, ки ҷоизаи нуқрагини Хартияи футболи оммавии AFC барои рушди бештари оммавияти футбол дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
“Айни замон футбол дар Тоҷикистон ҳамаи зинаҳои аҳолиро фаро гирифтааст. Дӯст доштани футбол аз хурдсолӣ яке аз маҳаки асоии рушди футболи оммавӣ мебошад. Ҷоизаи Конфедератсияи футболи Осиё барои рушди футболи оммавӣ дар кишвар такони нав хоҳад бахшид”, - иброз намуд президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ.