16.04.2020
: 1183
11-12 апрел дар Маркази ҷумҳуриявии омодагии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон баргузор шуд.
Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар оид ба гуштини юнонӣ-римӣ Фаррух Раҳмонов, мақсад аз баргузор кардани чемпионат таблиғи ин намуди варзиш миёни наврасону ҷавонон, ҷалби онҳо ба варзиш ва муайян кардани беҳтаринҳо мебошад.
Дар мусобиқа беш аз 80 варзишгар аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе ширкат карданд. Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) аз рӯи 10 категорияи вазнӣ сурат гирифт.
Пас аз қувваозмоиҳои ҷолибу шадид дар вазни -55кг Асланҷон Азизов аз Душанбе ғолиб шуд. Ӯ дар финал бар намояндаи дигари пойтахт Бахтиёр Нағзибеков дастболо шуд.
Дар вазни -60кг чуноне ки интизор мерафт, Фирӯз Мирзораҷабови душанбегӣ пирӯз шуд. Фирӯз соли гузашта дар Чемпионати Осиё сазовори медали тилло ва дар Чемпионати ҷаҳон сазовори медали биринҷӣ гардида буд. Ҳарифаш дар финали Чемпионати Тоҷикистон Нодир Сангов аз минтақаи Бохтари вилояти Хатлон буд.
Исмоил Абдулҳаев аз Суғд пас аз пирӯзӣ бар варзишгари пойтахт Ҳасан Раҳимов дар вазни -63кг унвони чемпиониро ба даст овард. Дар вазни -67кг бошад, душанбегиҳо Алиҷон Ҷӯраев ва Муҳаммад Раҳимов то финал расиданд ва медали тилло насиби Алиҷон шуд.
Дар вазни -72кг низ гуштингирони пойтахт – Раҳматуллои Неъматулло ва Азизҷон Абдулҳаев то даври ниҳоӣ расиданд ва ду ҷои аввалро ишғол карданд. Ҷасур Аюбови суғдӣ ғолиби вазни -77кг гардид. Ӯ дар сабқати ниҳоӣ бар Абдуллоҷон Куганови хатлонӣ дастболо шуд. Дар категорияи вазнии -82кг Султон Саидзода аз Душанбе бар Файзӣ Русланҷони суғдӣ ғолиб омада, чемпиони Тоҷикистон шуд. Дар вазни -87кг бошад, баръакс Ансор Муқумови суғдӣ Акмал Одинаеви душанбегиро шикаст дод.
Дар вазни -97кг Шаҳбоз Давлатов аз Душанбе пас аз ғалаба бар Иброҳимҷон Азизов аз Суғд ва дар вазни -130кг Абубакри Акобир аз Душанбе пас аз пирӯзӣ бар ҳамшаҳрияш Хисрав Нарзуллоев унвони чемпионӣ миёни ҷавононро сазовор шуданд.
Ғолибону ҷоизадорон бо диплом ва медалҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.