14.04.2020
: 1103
Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии лигаи футболи бонувони Тоҷикистон баргузор шуд. Мисли соли гузашта дар мавсими нав низ 10 даста барои унвони чемпионӣ талош мекунанд.
Дар чемпионат, ки 19 апрел оғоз мегардад, дастаҳои «Зебонисо» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), «Барқ» (Норак), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) ширкат мекунанд.
Чемпионат дар ду марҳила сурат мегирад ва ҳар даста дар хона ва сафар 18 бозӣ анҷом медиҳад.
Дар асоси қуръакашии ҷадвали бозиҳо дар даври аввал 19 апрел «Зебонисо» бо «Хатлон», «Бешкент» бо «Ҳосилот», «Панҷшер» бо «Чашма», «Регар-ТадАЗ» бо «Зебо» ва «Равшан» бо «Барқ» вомехуранд.
Барои иштирок дар чемпионат Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи 10 дастаро бо таҷҳизот, либоси бозӣ ва тӯб таъмин мекунад. Ҳамчунин, ФФТ ҳаққи заҳмати доварон ва хароҷоти дастаҳоро ҳангоми бозиҳояшон дар сафар пардохт менамояд.
Ёдовар мешавем, ки чемпиони феълии лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар мебошад.