14.04.2020
: 1694
XI Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки ҳар сол бахшида ба Рӯзи пойтахт доир мегашт, баргузор намешавад.
Масъули бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода иттилоъ дод, ки бо сабаби бемории ҳамагири КОВИД-19, ки беш аз 200 давлатро фаро гирифтааст, Кумитаи тадорукоти Ниммарафони Душанбе тасмим гирифт, ки мусобиқа имсол баргузор нашавад.
Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар масофаи 21,97 км доир мегардад ва соли 2014 ба рӯйхати мусобиқаҳои дави Ташкилоти варзиши сабуки ҷаҳонӣ ворид шуд. Ҳар сол дар мусобиқа давандҳои беш аз 15 давлат ширкат мекарданд.
Бемории коронавирус, ки дар ҳолати 14 апрел наздики ду миллион нафар дар беш аз 200 давлат ба он гирифтор шудаанд, дар тақвими чорабиниҳои варзишии ҷаҳон тағйироти чашмрас ворид кард. Бозиҳои олимпии Токио, ки бояд тобистони имсол баргузор мешуд, ба тобистони соли 2021 гузаронида шуд. Аз аввали моҳи апрел бошад, бисёр мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ба вақти номаълум ба таъхир афтоданд. Аз ҷумла, Варзиши сабуки ҷаҳонӣ муҳлати системаи интихобии олимпиро аз 6 апрел то 1 декабри соли 2020 боздошт. Натиҷаҳои дар ин муддат бадастомада дар ҳама гуна мусобиқаҳо ҳамчун меъёр барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио ҳисобида намешаванд.