02.03.2020
: 1300
Агентии давлатӣ оид ба корҳои ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Иттиҳоди ҷаҳонии гуштинро огоҳ кардааст, ки мусобиқаи интихобии олимпии Осиё оид ба гуштинро доир намекунад.
Сабаби ин тасмимро мақомоти Қирғизистон дар паҳншавии васеи вируси COVID-19 дар саросари ҷаҳон гуфтааст. Баргузории мусобиқа 27-29 март ба нақша гирифта шуда буд.
Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин масъаларо баррасӣ мекунад ва ҳафати ояндаи барои ба натиҷа расидан бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ суҳбатро идома медиҳад.
Баргузории мусобиқа нахуст дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Чин ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабаби вируси нав, ки пайдоишаш Чин аст, он ба Бишкеки Қирғизистон гузаронида шуд.