05.02.2020
: 1037
Имрӯз – 5 феврал дар Ҷумҳурии Покистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ шуруъ гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок доранд.
Ҷиҳати иштирок дар 4-ум мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Қароқурурум ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба лижаронии кӯҳии Малам Ҷабба, ки то 11 феврал идома меёбад, аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Баҳриддин Ғоибов, Сайфиддини Низомиддин ва Саидашраф Эшонов сафарбар гардидаанд. Онҳо дар ду қувваозмоӣ – слалом ва гигант слалом – бо варзишгарони беш аз 10 давлат нерӯ месанҷанд.
Мусобиқаҳо дар осоишгоҳҳои зимистонаи Малам Ҷабба ва Налтари Покистон баргузор мешаванд.