01.02.2020
: 1165
Хонандагони 10 муассисаи таълимии умумии пойтахт бо арзишҳои олимпӣ ошно мегарданд.
Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Академияи миллии олимпӣ дар 10 муассисаи таълими умумии пойтахт Барномаи омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпии Ҳамбастагии олимпӣ дар ду давра татбиқ мешавад. Имрӯзҳо давраи дуюми татбиқи барнома дар мактабҳо миёни хонандагон ҷараён дорад. Дар даври аввал 13-16 январ 20 нафар (10 писар, 10 духтар) хонандаи 10 муассисаи таълимии пойтахт зимни баргузории як семинар омӯзиш диданд.
Акнун онҳо дар мактабҳояшон тавассути ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ, бозиҳои зеҳнӣ ва варзишӣ ҳаракати олимпиро тарғиб мекунанд.
Дар доираи барнома беш аз 2700 нафар ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд.