01.02.2020
: 1609
Таеквондочиёни ҷавони кишвар дар 8-ум мусобиқаи кушоди Фуҷайра (8th Fujairah Open 2020) сазовори се медал – як тилло, ду биринҷӣ - гардиданд.
Мусобиқа аз 31 январ то 2 феврал дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд. Дар он 1806 варзишгар аз 38 давлат дар 4 синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон – рақобат намуданд.
Медали тиллоро Муниса Ойматова дар вазни -49кг сазовор шуд. Ӯ дар даври аввал бар намояндаи Покистон Иша Сафдар, дар даври дуюм бар варзишгари Миср Малак Муҳаммад Сиррӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Элноз Нозимова ва дар финал бар варзишгари дигари Покистон Фотима Зуҳро Ховар дастболо шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Муниса соли гузашта дар ҳамин мусобиқа медали нуқра ба даст оварда буд.
Медалҳои биринҷӣ насиби Парвиз Мирзоев ва Абубакр Фатҳуллоев гашт. Парвиз дар вазни -48кг миёни ҷавонон дар ду даври аввал намояндагони АМА Иброҳим Салоҳ Аҳмад ва Умар Хонро мағлуб намуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Миср Абдул Салоҳ Ҳайтам, ки ғолиби ин вазн гардид, шикаст хурда, ҷои сеюмро ишғол кард. Абубакр дар вазни -57кг миёни наврасаон дар даври аввал бар намояндаи АМА Фарис Ал Саид ғалаба кард, вале дар нимфинал аз Юсуф Санади мисрӣ мағлуб гардида, медали биринҷиро сазовор шуд.
Тибқи иттилои Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон, дар мусобиқа дастаи мунтахаби кишвар дар ҳайати 6 варзишгар – Моҳру Ҳалимова (-67кг) миёни калонсолон, Парвиз Мирзоев (-48кг), Маҳмадраҷаби Бобоҷон (-59кг), Муниса Ойматова (-49кг) миёни ҷавонон, Абубакр Фатҳуллоев (-57кг) миёни наврасон, Алиҷон Фатҳуллоев (-28кг) миёни кӯдакон, 2 мураббӣ - Фозилов Исломиддин, Қодиров Шамсулло ва 2 довари дараҷаи байналмилалӣ - Мирзоев Давлатшо, Алиназаров Вафоназар ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафарбар гардида буданд.