25.01.2020
: 2325
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо – Гран Прии Тел Авив, ки 23-25 январ баргузор шуд, аз медалҳо бенасиб монданд.
Натиҷаи беҳтарро миёни 7 дзюдочии кишвар Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг нишон дод. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Руссия Евгений Прокопчук, дар даври сеюм бар варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Словения Мартин Ҳойак, ки медали биринҷӣ ба даст овард ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари Швейтсария Нилс Стамп, ки низ соҳиби ҷои сеюм гашт, мағлуб шуд ва ҷои ҳафтумро ишғол кард.
Дар вазни -73кг варзишгари дигарамон Сомон Маҳмадбеков (дар даври аввал озод буд) пас аз пирӯзӣ бар Александру Райсуи руминиягӣ, дар даври сеюм аз намояндаи Италия Ҷованнӣ Эспосито шикаст хурд. Акмал Муродов низ дар вазни -81кг дар даври аввал бар варзишгари Эстония Кристиан Тонисте пирӯз, аммо дар даври дуюм аз намояндаи Руссия Турпал Тепкаев мағлуб гардид. Давлаталӣ Назаралиев (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) дар даври аввал қувваозмоиро бохтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 548 варзишгар (315 мард, 233 зан) аз 83 давлат иштирок карданд.
Мусобиқаи навбатӣ аз силсилаи сабқатҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо Гранд Слами Париж мебошад, ки 8-9 феврал баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби дзюдои кишвар дар ҳайати 6 нафар – Хоҷазода Беҳрӯз, Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи навбатӣ номнавис шудаанд.