Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар Вуҳан доир намегардад

23.01.2020

: 150

Мусобиқаи қоравии интихобии олимпии бокс бо сабаби авҷи коронавирус дар шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин бекор карда шуд.

Дар изҳороти гуруҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ омадааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи олимпии Чин ва шарикон макони нави баргузории мусобиқаро ҷустуҷӯ доранд. Мусобиқа шояд дар дигар шаҳри Чин, ҳатто дар дигар давлат баргузор шавад.
Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс бояд 3-14 феврал дар шаҳри Вуҳани Чин доир мегашт.
Рӯзи қабл Конфедератсияи футболи Осиё низ бинобар сабаби паҳн гаштани вирус, ки дар натиҷа 17 нафар ба ҳалокат расидаанд, макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпии бонувонро аз шаҳри Вуҳан ба шаҳри Нанҷинг гузаронд.  
Тибқи иттилои мақомоти Чин феълан ба коронавирус сироят ёфтани 540 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора ҳар рӯз меафзояд. Ҳолати сироят ёфтани шаҳрвандон дар дигар шаҳрҳои Чин, ҳамчунин Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон сабт шудааст. Ҳолати бақайдгирии сироятёфтагон дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Мекика низ рӯй додааст.