29.11.2019
: 1279
Дар Тоҷикистон ташкилоти нави варзишӣ – Федератсияи триатлон – таъсис ёфт. Ҷаласаи интихоботии федератсия 28 ноябр дар шаҳри Душанбе доир гашт.
Дар ҷаласа котиби генералӣ ва директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмон иштирок карданд. Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо зимни суханронӣ, аз ҷумла қайд намуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш, хоса намудҳои олимпӣ ва миллии варзиш рушд карда истодааст. Имрӯз шумо тасмим гирифтед, ки фаъолияти Федератсияи триатлони Тоҷикистонро ҷоннок намоед. Мо ин иқдоми шуморо дастгирӣ менамоем ва бароятон муваффақият мехоҳем, - иброз намуд Абдуллозода М.
Сипас, ҷаласа идома ёфта, иштирокчиён Кабиров Шералишо Олимовичро ба ҳайси раиси федератсия интихоб намуданд.
Федератсия тибқи талабот дар минтақаҳои кишвар намояндагиҳо ташкил карда, наврасону ҷавононро ба ин намуд ҷалб менамояд ва онҳоро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ омода мекунад.
Триатлон (сеҳарба) намуди варзиш буда, се сабқати варзиширо муттаҳид мекунад: шиноварӣ, велосипедронӣ, дав. Ҳамчунин, моделҳои дигари триатлон мавҷуд аст, вале дар ҳоли ҳозир аз ҳама маъмул, ки ба Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст, шиноварӣ-велосипедронӣ-дав мебошад. Мусобиқот дар масофаҳои гуногун баргузор мешаванд. Масофаи стандартӣ ё олимпӣ аз 1500 метр - шиноварӣ, 40 километр - велосипедронӣ ва 10 километр - дав дар шоҳроҳ иборат аст.
Триатлонро дар ҷаҳон Иттиҳоди байналмилалии триатлон идора мекунад, ки соли 1989 таъсис ёфтааст. Мусобиқаи олимпии триатлон бори аввал дар Бозиҳои олимпии Сидней соли 2000 доир гашт ва минбаъд ба барномаи ҳамаи бозиҳо ворид шуд. Ҳар сол чемпионати ҷаҳон ва ҷоми ҷаҳон баргузор мешавад. Ҳамчунин, бо сарпарастии Иттиҳоди байналмилалии триатлон мусобиқаҳои дуатлон (дав+велосипед+дав), акватлон (дав+шиноварӣ+дав), аквабайк (шиноварӣ+велосипед), триатлони зимистона (кросс+велокросс+лижаронӣ), кросс-кантри триатлон, триатлон дар толори пӯшида баргузор мешаванд.