20.11.2019
: 1521
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври шашуми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 муқобили Қирғизистон натавонист ғолиб шавад. Вохӯрӣ шоми 19 ноябр дар шаҳри Бишкек бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 17-ум, пас аз партофти Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Эргашев кушод. Мизбонон дар дақиқаҳои охири дидор тавассути Тамирлан Козубоев ҳисобро баробар карданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ мунтахаби Мйанма дар майдони худ бар тими Муғулистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Пас аз натиҷагирии шаш давр дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Ҷопон бо 12 хол пешсаф аст. Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки 7-холӣ доранд, дар ҷойҳои дуюму сеюманд. Мйанма бо шаш хол дар зинаи чорум ва Муғулистон бо 3 хол дар ҷои охир мавқеъ гирифтаанд.
Бозии навбатии тими мунтахаби Тоҷикистон дар доираи марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ-2022 26 марти соли 2020 муқобили Муғулистон сурат мегирад. Ин вохурӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | Х | ||
1 | Ҷопон | 4 | 4 | 0 | 0 | 13-0 | 12 |
2 | Қирғизистон | 5 | 2 | 1 | 2 | 10-5 | 7 |
3 | ТОҶИКИСТОН | 5 | 2 | 1 | 2 | 6-8 | 7 |
4 | Мйанма | 5 | 2 | 0 | 3 | 5-13 | 6 |
5 | Муғулистон | 5 | 1 | 0 | 4 | 2-10 | 3 |