Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои Осиё-2018: Мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ва вазнбардорӣ

06.08.2018

: 1250

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу (3 нфар) ва вазнбардорӣ (1 нафар) дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, тасдиқ шуд.

Мусобиқа оид ба ҷиу-ҷитсу 24-26 август ва вазнбардорӣ 20-27 август дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешаванд. Варзишгарон дар намуди ҷиу-ҷитсу аз рӯи 6 вазн миёни мардон, 2 вазн миёни бонувон дар равияи “Ню Ваза” миёни ҳам рақобат мекунанд. Варзишгарони мо дар 3 вазн миёни мардон иштирок менамоянд. Дар намуди вазнбардорӣ бошад, рақобатҳо аз рӯи 8 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 7 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат мегирад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаблан Шуморо бо дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол, варзиши сабук, кураш, самбо, шиноварӣ, таеквондо, гуштин, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва каратэ шинос кард. Инак, варзишгарони зерин дар мусобиқа оид ба ҷиу-ҷитсу ва вазнбардорӣ иштирок мекунанд:

ҶИУ-ҶИТСУ
Абдулназаров Шоимард (-62кг)
Раҳимов Абдуманон (-77кг)
Абдуллоев Абдуғафур (-85кг)

ВАЗНБАРДОРӢ
Шукуров Илҳомҷон (-77кг)

Варзишгарони намуди ҷиу-ҷитсуро мураббӣ Алиҷон Давлатов ҳамроҳӣ мекунад.    
Қайд кардан ба маврид аст, ки намуди ҷиу-ҷитсу мисли гуштини кураш ва самбо бори аввал ба брномаи Бозиҳои Осиё ворид карда шудааст.