03.08.2018
: 1783
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, дар ҳайати 8 нафар (7 мард, 1 зан) ширкат мекунад.
Мусобиқа оид ба дзюдо 29-31 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 7 категорияи вазнӣ миёни занон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 7 вазн миёни мардон ва 1 вазн миёни бонувон ширкат мекунанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаблан Шуморо бо дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол, варзиши сабук, кураш, самбо, шиноварӣ, таеквондо ва гуштин шинос кард. Инак, варзишгарони зерин дар мусобиқа оид ба дзюдо иштирок мекунанд:
Мардон
Боқиев Суҳроб (-60кг)
Боқиев Ёқубҷон (-66кг)
Хоҷазода Беҳрӯз (-73кг)
Муродов Акмал (-81кг)
Устопириён Комроншоҳ (-90кг)
Саидов Саидҷалол (-100кг)
Мирмамадов Шакармамад (+100кг)
Бонувон
Қаландарова Шоҳида (-57кг)
Варзишгаронро мураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳамроҳӣ мекунад.
Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар намуди дзюдо 3 медали биринҷӣ дорад. 2 медалро паҳлавони шинохта Расул Боқиев (вазни -73 кг, Доҳа-2006, Гуанжоу-2010), як медали дигарро Хайрулло Назриев (вазни -86 кг, Ҳирошима-1994) ба даст овардаанд.