Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Абдуллозода Аҳтам варзишгари ҷавон Сулаймони Ҷамшедро ба ҳузур пазируфт

Абдуллозода Аҳтам варзишгари ҷавон Сулаймони Ҷамшедро ба ҳузур пазируфт Абдуллозода Аҳтам варзишгари ҷавон Сулаймони Ҷамшедро ба ҳузур пазируфт Абдуллозода Аҳтам варзишгари ҷавон Сулаймони Ҷамшедро ба ҳузур пазируфт

02.08.2018

: 1751

Имрӯз – 2 август – муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам бо варзишгари ҷавон Сулаймони Ҷамшед ва мураббиаш Ҳамзаалӣ Раҳматов мулоқот кард.

Абдуллозода Аҳтам варзишгар Сулаймон ва мураббиаш Ҳамзаалӣ Раҳматовро ба муносибати ба даст овардани роҳхати 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон табрик гуфта, омодагии ӯро ба бозиҳо, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Буэнос Айреси Аргентина баргузор мешавад, баррасӣ карданд.
Бо маблағгузории Кумитаи миллии олимпӣ Сулаймони Ҷамшед аз 18 то 25 август дар ҷамъомади байналмилалии тамриниву омӯзишӣ дар давлати Тунис иштирок карда, сипас дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳамроҳи мураббиаш ба бозиҳо омодагӣ мебинад.
Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ зимни мулоқот ёдовар шуд, ки соҳаи варзиш дар кишвар зери ғамхории Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол рушд карда истодааст. Аз ҷумла, Сарвари давлат 14 феврали соли равон дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумита иштирок карда, зимни суханронӣ барои ислоҳи камбудиҳои соҳа як қатор супоришҳо доданд.
Ҳамзаалӣ Раҳматов дар навбати худ иброз дошт, ки аллакай омодагиро барои иштирок дар Бозиҳои олимпии наврасон шуруъ кардаанд ва тамоми кӯшишашонро барои ба даст овардани медали олимпӣ ба харҷ медиҳанд.
Сипас, аз номи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сулаймони Ҷамшед ва мураббиаш Ҳамзаалӣ Раҳматов мукофотпулӣ ва либоси варзишӣ тақдим гардид.

Сулаймони Ҷамшед 18 декабри соли 2001 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Кушониён ба дунё омада, аз шашсолагӣ дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии ноҳия ба тамрин шуруъ кард. Соли 2014 ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон рафта, дар баробари таътил зери роҳбарии мураббии дараҷаи байналмилалӣ Ҳамзаалӣ Раҳматов дар намуди дзюдо машқ карда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд ва то имрӯз беш аз 150 медал ба даст овардааст.
Соли равон дар 4 мусобиқаи литсензионӣ – Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар шаҳрҳои Тошканд (12 апрел), Иссиқкӯл (21 июн), Макао (21 июл), чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон-2018 (Бейрути Лубнон) ширкат карда, 3 медали тилло ва як нуқра ба даст оварда, бо 420 хол дар вазни -60 килои раддабандии олимпӣ ва ҷаҳонӣ ҷои аввалро ишғол кард ва роҳхати 3-юм Бозиҳои олимпии наврасонро сазовор гардид.