30.07.2018
: 1596
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо (WTF) ҷиҳати иштирок дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, муайян шуд.
Мусобиқа оид ба таеквондо 20-23 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 10 категорияи вазнӣ миёни мардону занон дар равияи кийоругӣ баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 3 вазн миёни мардон ширкат мекунанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаблан Шуморо бо дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол, варзиши сабук, кураш, самбо ва шиноварӣ шинос кард. Инак, варзишгарони зерин дар мусобиқа оид ба таеквондо иштирок мекунанд:
Суннатов Маҳмадҷон (-58кг)
Меҳтаршоев Хуррам (-63кг)
Неъматов Фарҳод (-80кг)
Варзишгаронро сармураббӣ Далер Фозилов ҳамроҳӣ мекунад.
Варзишгарони Тоҷикистон оид ба таеквондо дар Бозиҳои Осиё 4 медали биринҷӣ ба даст овардаанд: Шокирҷон Раҷабов (2006, Доҳа), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳру Ҳалимова (2014, Инчон).