Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Сулаймони Ҷамшед ба Олимпиадаи наврасон роҳхат гирифт

30.07.2018

: 1420

Варзишгари умедбахши тоҷик Сулаймони Ҷамшед дар намуди дзюдо соҳиби роҳхат ба III Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентина гардид.

Дар ин бора аз Федератсияи байналмилалии дзюдо ба унвонии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мактуби расмӣ ворид шудааст. Директори Департаменти варзиши Федератсияи байналмилалии дзюдо Армен Багдасаров иттилоъ додааст, ки “Сулаймони Ҷамшед дар вазни -66 кило соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии наврасон гардид. Хоҳишмандем, агар варзишгари Шумо барои қувваозмоӣ кардан дар вазни -66 кило мувофиқ аст, пас номзадиашро тасдиқ намоед”.


  
Ёдовар мешавем, ки Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг миёни наврасон дар раддабандии Бозиҳои олимпии наврасон бо 420 хол дар ҷои аввал қарор гирифт. Тибқи низомномаи бозиҳо дар намуди дзюдо миёни писарон 4 категирияи вазнӣ интихоб шудааст: -55 кг, -66 кг, -81 кг, -100 кг. Аз ҳар категорияи вазнии маъмулӣ (-50, -55, -60, -66, -73, -81, -90, +90) 5 нафари беҳтарин интихоб карда мешаванд ва дар ҳар вазни олимпӣ 10-нафариро ташкил медиҳанд. Яъне 5-нафарӣ аз вазнҳои 50 ва 55 дар вазни 55 килои олимпӣ иштирок мекунанд. Ҳамин тавр 5-нафарӣ аз вазнҳои 60 ва 66 дар вазни -66 кило рақобат мекунанд. Сулаймони Ҷамшед, ки дар мусобиқаҳо дар вазни -60 кг гуштин мегирифт, дар Бозиҳои олимпии наврасон дар вазни -66 кг қувваозмоӣ мекунад.


ҲАМЗААЛӢ РАҲМАТОВ БО КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ КМОТ АБДУЛЛОЗОДА МУҲАММАДШО

Варзишгари умедбахш Сулаймони Ҷамшед дар Ҷумҳурии Қазоқистон зери роҳбарии мураббӣ Ҳамзаалӣ Раҳматов тамрин мекунад ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Ӯ соли равон дар се Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон дар шаҳрҳои Тошканд (12 апрел), Иссиқкӯл (21 июн), Макао (21 июл) сазовори медали тилло ва дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон дар Бейрути Лубнон (10 май) сазовори медали нуқра гардид.
Ёдовар мешавем, ки қаблан варзишгар Бежан Файзуллоев дар намуди тирандозӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии наврасонро ба даст оварда буд.
III Бозиҳои олимпии наврасон аз 6 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор мегардад. Дар ин чорабинии варзишӣ ҳудуди 4000 варзишгари наврас аз 206 давлати ҷаҳон аз рӯи 32 намуди варзиш (541 қувваозмоӣ) барои ҷоизаҳо талош мекунанд.