Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар Хуҷанд

Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар Хуҷанд Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар Хуҷанд Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар Хуҷанд Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар Хуҷанд Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар Хуҷанд Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар Хуҷанд

22.06.2018

: 1412

Ба ифтихори Рӯзи оимпӣ дар шаҳри Хуҷанд як қатор чорабиниҳо баргузор шуданд, ки дар расми ифтитоҳи онҳо муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам иштирок кард.

Дар ҳавзи шиноварии шаҳри Хуҷанд, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ ҷараён дорад, ҳамзамон бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон курси омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни ин намуди варзиш оғоз ёфт, ки то 28 июн идома меёбад. Дар он 20 мураббии намуди шиноварӣ аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд. Мураббиён аз коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Анатолий Журавлеви русиягӣ нозукиҳо ва тартибу муқаррароти намудҳои шиновариро ба таври назариявӣ ва амалӣ меомӯзанд.
Инчунин, маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд ба давраи серӯзаи омӯзишӣ (22-24 июн) фаро гирифта шуданд. 20 нафар корманди масъули соҳаи варзиши вилояти Суғд дар ин муддат аз котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Суҳроби Акбаршо ва Фарангис Шарифзода дар мавзӯъҳои рушди Ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, одоби варзишгар ва ғайраҳо маърӯза мешунаванд.