22.06.2018
: 1346
Паёми шодбошии муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам ба муносибати Рӯзи олимпӣ
Муҳтарам ҷавонон, варзишгарон, олимпичиён ва ҳамкасбон,
Рӯзи олимпӣ, ки ҳар сол 23 июн дар саросари олам ҳамчун рӯзи баҳамоии сокинон баҳри солимии тану ҷони худ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим таҷлил мешавад, муборак бод.
Моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар бораи эълон кардани 23 июн ҳамчун Рӯзи олимпӣ қарор қабул шуд ва 70 сол мешавад, ки тамоми мардуми сайёра ин рӯзро ҷашн мегиранд.
Тоҷикистон чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти ҳидояту ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи олимпиро бо баргузории мусобиқаву чорабиниҳои гуногуни оммавӣ-варзишӣ ҳар сол бо шаҳомати хоса таҷлил мекунад.
Маҳаки асосии таҷлили Рӯзи олимпӣ рафоқат миёни сокинон ва таблиғи тарзи ҳаёти солим аст.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир наздики 5000 иншооти варзишӣ сохта, барои истифодаи ҷавонону варзишгарон супорида шуд. Фақат 2 соли охир дар шаҳри Душанбе беш 150 майдончаи варзишӣ сохта шуд, ки дар рушди намудҳои гуногуни варзиш ва дур шудани наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуб мусоидат мекунад.
Дар кишвари офтобии мо чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи олимпӣ аз моҳи апрел шуруъ мегардад. То ин дам чорабиниҳои оммавӣ-варзишии Дави миллӣ, Марафони велосипедронӣ, “Як рӯзи велосипедронӣ”, фестивалҳои шоҳмоту шашка, футбол, волейбол ва баскетбол баргузор шуданд ва дар Рӯзи олимпӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҷумҳурӣ баргузории 300 чорабинии варзишӣ дар назар аст. Ҳамчунин, дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи олимпӣ дар шаҳри Хуҷанд аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис доир мегарданд. Вале муҳимтарин ташаббус дар соҳаи варзиш, бо дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ҳар рӯзи шанбе дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар баргузор шудани машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст” мебошад.
Бори дигар 70-умин солгарди Рӯзи олимпиро ба Шумо таҳният мегӯям ва бароятон солимию муваффақият таманно дорам.
Ба варзиш машғул шавед, то доно, зебо ва тавоно бошед!