Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар шаҳри Душанбе боз як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Душанбе боз як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд Дар шаҳри Душанбе боз як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд Дар шаҳри Душанбе боз як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд Дар шаҳри Душанбе боз як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд Дар шаҳри Душанбе боз як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд Дар шаҳри Душанбе боз як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

14.06.2018

: 1796

Имрӯз – 14 июн – дар хиёбони Саъдӣ Шерозии шаҳри Душанбе, биноҳои 29, 31 майдончаи варзишӣ, гулгашт ва макони истироҳату фароғати кӯдакону сокинон мавриди истифода қарор гирифт.

Ин иқдом дар партави сиёсати оқилона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаву созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ доданд, майдонча бо маблағи 352559 сомонӣ дар масоҳати 1850 метри мураббаъ дар муддати се моҳ бунёд гардида, он аз майдончаи варзишӣ барои бозии “Юка”, майдончаи бозиҳои кӯдакон, бозиҳои шоҳмоту шашка, обутоби бадан ва гулгашти фароғати сокинон иборат аст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки майдончаи универсалии “Юка” дар кишвар бори аввал сохта шудааст. “Юка” яке аз бозиҳои маъмулӣ дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла давлатҳои Украина, Италия, Испания, Дания ба ҳисоб рафта, ба он хурду калон метавонанд машғул шаванд. Майдони варзишии “Юка” доирашакл буда, барои бозиҳои баскетбол, волейбол ва футбол бо иштироки ҳайати ками бозингарон (2-6 нафар) мусоид аст.
Дар доираи сохтмони майдонча роҳи шафати он дар масоҳати 285 метри квадратӣ асфалтпӯш карда шуд.