Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Фаррух Амонатов – ғолиби мусобиқаи шоҳмот дар Ҳиндустон

13.06.2018

: 1348

Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов бо ба даст овардани 8 хол аз 10 холи имконпазир ғолиби мусобиқаи шоҳмот дар 11-ум Ҷоми раиси шаҳри Мумбай гардид.

Шоҳмотбози дигари тоҷик Муҳаммадхоҷа Усмонхоҷаев бо 6,5 хол миёни 256 иштирокчӣ ҷои 29-умро ишғол кард.
Тибқи муқаррароти мусобиқа шоҳмотбозоне, ки аз 1 то 10-ум ҷойро ишғол карданд, соҳиби ҷоизаҳои пулӣ гардиданд. Фаррух Амонатов 330 ҳазор рупия ба даст овард, хабар додааст, “news.tj” дар такя бо хабари “The Times of India”.
Фаррух Амонатов соли гузашта дар ҳамин мусобиқа сазовори ҷои дуюм гардида буд.