31.05.2018
: 1485
Тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади машқию таълимӣ дар Бишкек бо тими мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Қирғизистон бозии рафиқона анҷом дод.
Вохурӣ дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкеки Қирғизистон сурат гирифта, бо пирӯзии футболбозони тоҷик поён ёфт – 5:1. Дар ҳайати тими мунтахаби мо ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоев “хет-трик” кард. Ду голи дигарро Кароматулло Саидов ва Шаҳром Самиев заданд.
Рӯзи шанбе – 2 июн – тими ҷавонони кишвар бо тими ҷавонони Қирғизизистон бозии дуюми санҷишӣ доир мекунад.
Ҷамъомади машқӣ-таълимии тими ҷавонони то 19-солаи кишвар дар шаҳри Бишкек барои омодагӣ ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018, ки аз 18 октябр то 4 ноябр дар Индонезия доир мегардад, нигаронида шудааст. Дар чемпионат тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 4 дастаи беҳтарини чемпионати Осиё ба чемпионати ҷаҳон (U-20), ки соли оянда дар Лаҳистон баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.