28.05.2018
: 2136
Рӯзҳои истироҳати гузашта 3 бозии дигари даври даҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бар тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби 4:2 ғалаба карда, дар ҷадвали чемпионат ба ҷои сеюм баромад. Аз 4 3 голро дар ҳайати “Куктош” легионерҳо заданд – Нодирбек Иброҳимов, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Идан Окран. Як голи дигарро Азизбек Султонов ба номи худ сабт кард. Голҳои “Хатлон”-ро Худойдод Узоқов ва Парвиз Охунов ба ҳадаф расонданд.
Дар бозии дигар КМВА “Помир” тавассути голи ягонаи нимҳимоятгар Шарафҷон Солеҳов бар дастаи “Барқчӣ” пирӯз шуд.
Ниҳоят, бозингарони дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба дарвозаи тими “Панҷшер” 2 голи беҷавоб заданд. Фирӯз Қараев дар дақиқаи 7 ҳисобро кушод, Хайрулло Азизов дар дақиқаи 78 ҳисобро афзуд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии дигари ин давр дастаи “Хуҷанд” тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода буд.
Дар даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ “Хатлон” бо КМВА “Помир”, “Куктош” бо “Истиқлол”, “Регар-ТадАЗ” бо “Хуҷанд” ва “Барқчӣ” бо “Панҷшер” вомехуранд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали чемпионат:
ҶОЙ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
Х |
1 |
“Хуҷанд” (Хуҷанд) |
10 |
7 |
2 |
1 |
21-10 |
23 |
2 |
“Истиқлол” (Душанбе) |
9 |
6 |
2 |
1 |
17-10 |
20 |
3 |
“Куктош” (Рӯдакӣ) |
10 |
4 |
3 |
3 |
13-14 |
15 |
4 |
КМВА “Помир” (Душанбе) |
9 |
3 |
5 |
1 |
13-13 |
14 |
5 |
“Хатлон” (Бохтар) |
10 |
4 |
1 |
5 |
13-14 |
13 |
6 |
“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) |
10 |
3 |
3 |
4 |
14-13 |
12 |
7 |
“Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ) |
10 |
1 |
3 |
6 |
5-14 |
6 |
8 |
“Барқчӣ” (Ҳисор) |
10 |
1 |
1 |
8 |
4-12 |
4 |