28.05.2018
: 1687
Моҳру Ҳалимова – варзишгари тоҷик – дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (WT) сазовори медали биринҷӣ шуд.
Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (WT) 26 майи соли равон дар шаҳри Хошимини Ветнам шурӯъ гардид ва имрӯз анҷом меёбад.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо (WTF)-и Тоҷикистон, Моҳру Ҳалимова – ягона намояндаи Тоҷикистон – дар вазни -73 кг миёни бонувон дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Индонезия Нанда Фернандиа ва варзишгари Камбоҷа Сеавмей Сорн пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар даври нимфинал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйери Оҳ, ки ғолиби ин вазн шуд, мағлуб гардида, ҷои сеюмро сазовор шуд. Ҷои дуюми вазни -73 кг насиби варзишгари Чин Чен Лӣ ва як ҷои сеюми дигар насиби варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Да-Бин Лӣ гардид.
Дар ҳисоби даставӣ тими Кореяи Ҷанубӣ бо 6 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор гашт. Варзишгарони Чин, ки 2 медали тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд, ҷои дуюм ва варзишгарони Узбекистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ мақоми сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар ҷои 10-ум мавқеъ гирифт.