25.05.2018
: 1421
Бозии марказии марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо ғалабаи “Хуҷанд” бар “Истиқлол” (4:3) ба поён расид.
Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 21 легионери “Истиқлол” Николай Зенко кушод. Нозим Бобоҷонов баъд аз се дақиқа голи дуюми тими Душанберо зад. Вале рӯҳияи бозингарони “Хуҷанд” нашикаст. Дар давоми 4 дақиқа онҳо на танҳо ҳисобро тағйир доданд, балки мусовӣ карданд. Аввал Ҳасан Рустамов тӯбро вориди дарвозаи Никола Стошич намуд, сипас Фарҳод Тоҳиров. Бозингарони “Истиқлол” то охири нимаи якум тавассути Ромиш Ҷалилов ба пеш баромаданд.
Дар нимаи дуюм бозингарони Хуҷанд маҳорати хуб нишон дода, 2 гол заданд. Дар дақиқаи 64 Ҳикматулло Расулов дурахшид. Дар охири бозӣ Дилшод Бозоров иштибоҳи Ромиш Ҷалиловро истифода бурда, бо дарвозабон як ба як баромад ва ғалабаи таърихии тими “Хуҷанд”-ро таъмин кард – 4:3.
Баъд аз ин пирӯзӣ холҳои “Хуҷанд” ба 23 расид ва ҷояшро дар садри ҷадвал мустаҳкам кард. “Истиқлол” бо фарқияти 3 хол дар ҷои дуюм аст, аммо як бозӣ камтар анҷом додааст.
Бозиҳои дигари даври 10-ум рӯзҳои истироҳат баргузор мешаванд.
6 май (шанбе)
«Куктош» – «Хатлон»
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»
Нозири доварон: Дилшод Назипов (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Нозири доварон: Баҳром Саъдуллоев (Бохтар).
Комиссари бозӣ: Азиздҷон Достиев (Турсунзода).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).Ҷалолиддин Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов
Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).
Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).