Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дилшод Назаров дар Гран При Осака чорум шуд

22.05.2018

: 2624

20 май дар шаҳри Осакаи Ҷопон силсилаи Гран При оид ба варзиши сабук дар соли 2018 оғоз гардид.

Дар ин мусобиқа қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, гурзандози маъруфи кишвар Дилшод Назаров ширкат карда, сазовори ҷои чорум шуд. Дилшод ин бор гурзро ба масофаи 75,01 метр ҳаво дод.
Ҷои якумро дар ин қувваозмоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон, варзишгари Лаҳистон Павел Файдек бо натиҷаи 78,51 метр сазовор гашт. Бенсе Ҳалаз аз Маҷористон бо натиҷаи 77,24 метр ҷои дуюм, Войсеч Новиски - варзишгари дигари Лаҳистон бо натиҷаи 76,66 метр ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар даҳгонаи беҳтарин Сергей Маргиев (Молдова, 74,11), Михаил Анастасакис (Юнон, 73,80), Марсел Ломинский (Словакия, 72,90), Каниҳиро Сумӣ (Ҷопон, 69,82), Юдай Кимура (Ҷопон, 67,61), Ник Миллер (Британияи Кабир, 66,55) ҷой гирифтанд.
Дар Осака, ҳамчунин рақобатҳо аз рӯи қувваозмоиҳои дав дар масофаҳои 100 метр, 200 метр, 800 метр, 1500 метр, 110 метр бо монеаҳо, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо найзачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, тела додани ядро ва найзапартоӣ миёни мардону занон баргузор шуд.