22.05.2018
: 1529
Тими “Барқчӣ”-и Ҳисор аввалин пирӯзиашро дар чемпионати имсола ба қайд гирифт.
Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври нуҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор, ки дар ҷадвали чемпионат дар мақоми охир қарор дорад, бар тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 72-юм Ваҳдат Ханонов зад.
Дар бозии дигари давр тими “Хуҷанд” ба дарвозаи “Куктош” тавассути Ҷаҳонгир Эргашев ва Фарҳод Тоҳиров 2 голи беҷавоб зад.
Дар бозии марказии давр миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – КМВА “Помир” ғолиб муайян нашуд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “ТАЛКО Арена”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Ҳисобро тими мизбон кушод. Фирӯз Қараев аз масофаи дур тӯбро вориди дарвозаи ҳариф кард. Дар охири нимаи аввал дастаи артиш на танҳо ҳисобро баробар кард, балки ба пеш гузашт. Голҳоро Шамсиддин Қосимов ва Абдухалил Боронов ба номашон сабт карданд. Дар миёнаи нимаи дуюми вохӯрӣ футболбозони Турсунзода зарбаи ёздаҳметра кор карданд, ки онро Фирӯз Қараев устокорона иҷро кард.
Бо бозии миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Панҷшер” даври нуҳуми чемпионат ҷамъбаст гардид. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳисоби минималии 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро легионери белорусии душанбегиҳо Николай Зенко дар дақиқаи 12 зад.
Бозиҳои даври навбатӣ 24, 26, 27 май ба нақша гирифта шудааст. Бозии марказии давр 24 май дар Хуҷанд доир мегардад. “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” “Истиқлол”-ро мепазирад. 26 май “Куктош” бо “Хатлон”, КМВА “Помир” бо “Барқчӣ” ва 27 май “Панҷшер” бо “Регар-ТадАЗ” вомехӯранд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
ҶОЙ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
Х |
1 |
“Хуҷанд” (Хуҷанд) |
9 |
6 |
2 |
1 |
17-7 |
20 |
2 |
“Истиқлол” (Душанбе) |
8 |
6 |
2 |
0 |
14-6 |
20 |
3 |
“Хатлон” (Бохтар) |
9 |
4 |
1 |
4 |
11-10 |
13 |
4 |
“Куктош” (Рӯдакӣ) |
9 |
3 |
3 |
3 |
9-12 |
12 |
5 |
КМВА “Помир” (Душанбе) |
8 |
2 |
5 |
1 |
12-13 |
11 |
6 |
“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) |
9 |
2 |
3 |
4 |
12-13 |
9 |
7 |
“Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ) |
9 |
1 |
3 |
5 |
5-12 |
6 |
8 |
“Барқчӣ” (Ҳисор) |
9 |
1 |
1 |
7 |
4-11 |
4 |