Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Суханронии Президенти кишвар дар мулоқот бо варзишгарони мамлакат

20.12.2010

: 1449

Дўстони арҷманд!
Варзишгарони мўҳтарам!

Инсоният дар тўли таърих ба бисёр дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоӣ муваффақ шудааст, ки ҳамаи онҳо ба пешрафти зиндагӣ, саодати мардум ва сарҷамъии халқу миллатҳо равона гардидаанд. Яке аз ин дастовардҳои башарият варзиш мебошад, ки аз қадимулайём то ба имрўз ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хизмат мекунад. Варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ кардани давлат ва миллат мебошад. Миллати мо низ ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанўз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошт. Ниёгони мо барои беҳдошти саломативу нерўи ҷисмонӣ ва ҳамеша омода будан ба дифои марзу бум ва мардуми хеш усулҳои гуногуни варзиш, амсоли давидану ҷаҳидан, найзарониву шамшерзанӣ, гурзпартоиву камонварӣ, аспдавонию чавгонбозӣ, гўштину шиноварӣ ва дигар навъҳои варзишро инкишоф медоданд. Онҳо ҷавононро ба хотири тавоноии маънавию ҷисмонӣ аз овони хурдсолӣ барои иҷрои машқҳои гуногуни варзишӣ омода месохтанд, ки чунин анъанаи неки ниёгон то замони мо боқӣ мондаанд.
Чунончи, Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и хеш намудҳои гуногуни машқҳои ҷисмонии мардуми ориёиро хеле хуб ба қалам дода, Абўалӣ ибни Сино усулҳои назариявию амалӣ ва аҳамияти варзишро дар саломатии инсон васеъ талқин мекард. Ў зикр карда буд, ки агар ҳар фард пайваста ба варзиши бадан машғул шавад ва ба меъёрҳои он риоя намояд, барои истеъмоли дору ягон ниёзе намемонад. Беҳуда нест, ки таърихнигорони соҳаи варзиши ҷаҳонӣ Абўалӣ ибни Синоро яке аз барҷастатарин бунёдгузорони паҳлўҳои назариявӣ ва амалии ин соҳа номидаанд.
Тарғибу ташвиқи варзиш ва иҷрои мураттаби машқҳои ҷисмонӣ дар давраҳои минбаъда низ машғулияти асосии мардум, бахусус ҷавонон гардида, вобаста ба тақозои замон намудҳои нав ба нави он арзи вуҷуд намудаанд. Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсон ҳамчун омили тавонои таҳкими дўстӣ ва ҳамкории натанҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб мешавад.
Илова бар ин, варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дўстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад. ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Имрўз яке аз ҳадафҳои асосии варзиш ҳамчун қосиди сулҳ дар ҷаҳон маҳз ҳамин аст.
Аз касе пўшида нест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст. Зеро мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рўҳиву равонии онҳо беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меоянд. Илова бар ин, иштироки бештари варзишгарони мо дар бозиҳои варзишии минтақавию ҷаҳонӣ ва дастовардҳои шоистаи онҳо дар мусобиқаҳо обрўю эътибори мамлакати моро баланд бардошта, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории шаҳрвандонро дучанд афзун мегардонад.
Мулоқоти имрўзаи Роҳбари давлат бо шумо - варзишгарони кишвар дар чунин ҳайати васеъ бори аввал сурат мегирад. ҳарчанд, ки дар давоми чанд соли охир мо бо ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ чандин бор, аз ҷумла дар арафаи Бозиҳои 29-уми олимпӣ вохўриҳои судманд доштем. Ҳангоми ин вохўриҳо ба хотири рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ андешаву пешниҳодоти ҷолиб иброз гардида буданд. Умедворам, ки дар мулоқоти имрўза низ табодули назари судманд сурат мегирад ва пешниҳодоти шумо ба рушди минбаъдаи соҳаи варзиш дар мамлакат мусоидат хоҳанд кард.
Солҳои охир варзишгарони кишварамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони озодро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Хусусан соли ҷорӣ барои варзишгарони мамлакати мо соли бобарор ба ҳисоб меравад. Имрўз тамоми мардуми кишвар аз пирўзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳои назарраси онҳо ифтихор доранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ғолибони мусобиқоти варзиширо барои пирўзиву дастовардҳояшон дар соли 2010 табрик гуфта, бовар дорам, ки онҳо азму ирода ва маҳорату таҷрибаи андўхтаашонро барои тарғибу ташвиқи варзиш дар байни ҷавонон ва омода намудани онҳо ба мусобиқаҳои ватаниву сатҳи байналмилалӣ дареғ намедоранд.
Бояд зикр намуд, ки танҳо дар солҳои 2008-2010 зиёда аз дувуним ҳазор варзишгарони тоҷик дар 270 мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ, бозиҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва шоҳҷоизаҳо иштирок намуда, ба ифтихори дастболо шудани онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон даҳҳо маротиба барафрохта шудааст. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба солҳои 2005-2007 се баробар зиёд мебошанд.
Таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон возеҳ нишон медиҳад, ки ҳадафҳои соҳаи варзиш зимни қабулу татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бунёду таҷдиди иншооти замонавии варзишӣ, васеъ ба роҳ мондани корҳои тарбиявию тарғиботӣ ба хотири густариши тарзи ҳаёти солим амалӣ мегарданд. Дар ин росто, ҳадафи асосии сиёсати давлати мо ҳам барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмониву варзиш, гузашта аз ин, барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила қонуну қарорҳо ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кўшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш ҳамаи шароити заруриро фароҳам орад.
Замони шўравӣ даврони пешрафти оммавии варзиш арзёбӣ гардида, ҷавонон вобаста ба қобилияту истеъдод ва синну сол ба мактабу маҳфилҳои варзишӣ фаро гирифта мешуданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки чандин варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ватаниву байналмилалӣ ба унвонҳои олии варзишӣ ноил гардида буданд. Вале бо вуҷуди ҳамаи он имкониятҳо дар он замон шумораи варзишгароне, ки дар миқёси ҷаҳониву минтақавӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ аз Тоҷикистони мо ширкату ҳунарнамоӣ кардаанд, ангуштшумор буданд. Бо вуҷуди ин, мо имрўз номи Саидмўъмин Раҳимов, Зебуниссо Рустамова ва Иброҳим Ҳасановро ҳамчун номбардорони шарафи варзишии Тоҷикистон бо ифтихору эҳтиром ба хотир меорем.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвари мо муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Солҳои охир бахшида ба рўзҳои таърихӣ ва идҳои умумихалқиву ҷашнҳои миллиамон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо мардуми зиёд, бахусус ҷавонон фаъолона ширкат варзида, ҳунар ва маҳорати хешро намоиш медиҳанд. Илова бар ин, танҳо дар се соли охир аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он зиёда аз 400 чорабиниҳои варзишӣ, чемпионатҳо, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ гузаронида шудаанд.
Бо мақсади тарғиби ғояҳои олимпӣ ҳоло баргузории Рўзи дави миллӣ ба ҳукми анъана даромада, ба яке аз чорабиниҳои муҳими варзишӣ табдил ёфтааст. Дар ин рўз садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири рушди соҳаи варзиш ва беҳдошти саломатии хеш фаъолона иштирок менамоянд.
Дар баробари вусъат ёфтани намудҳои гуногуни варзиши ҷаҳонӣ дар кишвар аксари намудҳои варзиши миллӣ ҳам ҷоннок мегарданд, ки мо инро ҳангоми баргузории ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ мушоҳида менамоем. Бешак, варзиши миллӣ низ дар радифи намудҳои варзиши муосир дар байни мардум мухлисони зиёд дошта, барои густариши тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд. Аз ин рў, мо бояд ҳарчи бештар кўшиш намоем, ки оммавияти ҳамаи намудҳои варзишро таъмин созем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву молиявӣ аз тамоми захираву имкониятҳо истифода бурда, ба хотири ҳарчи бештар ба варзиш ҷалб намудани мардум, бахусус ҷавонон ва омода сохтани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ мунтазам ғамхориву чораҷўӣ карда истодааст. Дар чанд соли охир аз ҳисоби буҷети давлат барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи варзиш, сохтмон ва азнавсозии иншооти варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Панҷакент ва Хоруғ, ноҳияҳои Данғара, Нуробод ва Роштқалъа қариб 300 миллион сомонӣ харҷ гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум шаст баробар зиёд мебошад. Имрўз сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншооти варзишӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Мўъминобод, Рашт, Темурмалик, Тоҷикобод, Тавилдара ва Ҷиргатол идома дорад. Лекин дар шароити кунунӣ ин тадбирҳо ҳанўз басанда нестанд ва бинобар ин, рушди минбаъдаи соҳаи варзиш андешидани чораҳои иловагиро аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам аҳли ҷомеа, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони алоҳида тақозо дорад. Зеро ҳарчанд ки алҳол дар кишвар беш аз 100 варзишгоҳ, 1000 толори варзишӣ, зиёда аз 4000 майдончаи варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва қариб 130 мактаби варзишӣ вуҷуд дорад, вале қисми зиёди онҳо ё ба таъмир ниёзманд мебошанд ё ба таври мақсаднок истифода бурда намешаванд. Масалан, аз 1008 толори варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 335 адади он ва аз 46 толори варзишии дар назди 29 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалкунанда 18 толор таъмирталаб мебошад. Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ таъмин кардани толорҳо ва майдончаҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо ва макотиби олӣ чораҷўӣ намоянд.
Вазорати маориф ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии кишвар бо омўзгорони фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар соли хониши ҷорӣ 370 нафар мутахассисони ҷавонро бо ихтисосҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва 130 нафарро бо ихтисоси омодагии дифои ҳарбӣ ба кор сафарбар намудааст. Илова бар ин, бо дархости раёсатҳо ва шўъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 50 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва 44 нафар бо ихтисоси омодагии дифои ҳарбӣ ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шудаанд.
Тавре ки шумо дар хотир доред, солҳои аввали истиқлолият вобаста ба вазъи душвори сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла бо сабаби норасоии маблағ ва дигар омилҳо дар соҳаи варзиш мушкилоти зиёд ва коҳиш ёфтани завқи мардум ба варзиш ба миён омада буд. Дар он солҳо аз бемасъулиятии баъзе роҳбарон натанҳо сохтмону истифодаи иншооти варзишӣ қатъ гардид, балки баъзе иншоот, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бо таҷҳизоташон дар чандин шаҳру ноҳияҳо хусусӣ гардонида шуда, ба ҷои онҳо хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдо сохта шуданд.
Дар шароити кунунӣ, ҳатто дар ҳолати пурра фаъолият намудани иншооти мавҷудаи варзишӣ онҳо ҳамагӣ даҳ фоизи аҳолии кишварро бо варзиш фаро гирифта метавонанду халос. Клубҳо ва мактабҳои варзишӣ бошанд, талаботи кўдакону наврасон ва ҷавононро чандон қонеъ карда наметавонанд. Бо мақсади фаро гирифтани ҷавонону наврасон бо соҳаҳои гуногуни варзиш зарурате ба миён омадааст, ки ҳар як ташкилоту муассиса, ширкатҳои давлативу хусусӣ ва соҳибкорону сармоядорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди соҳаи варзиш саҳмгузор бошанд.
Барои ба талабот ҷавобгў намудани иншооти варзишӣ, аз ҷумла толору майдончаҳо ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани онҳо, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони соҳаи варзиш бояд чораҳои амалӣ андешанд. Лекин чунон ки имрўз мушоҳида мешавад, роҳбарони баъзе шаҳру ноҳияҳо варзишро соҳаи дуюмдараҷа ҳисобида, барои вусъати ҳамаҷонибаи он диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Бояд гуфт, ки ҳар чӣ қадар мо ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурўҳҳои экстремистию ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем. Вобаста ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки барои ҷалби ҳарчи васеътари мардум ба варзиш аз ҳама имкониятҳо пурраву самаранок истифода бурда, барои бунёд ва таъмиру таҷдиди иншооти варзишӣ кўшиш ба харҷ диҳанд.
Масъалаи дигари ҳалталаб - таълими тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошад. Мутобиқи таҳлили мутахассисон дар натиҷаи ба дараҷаи кофӣ эътибор надодан ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ саломатии кўдакон ва наврасону ҷавонон нисбатан коҳиш ёфтааст, ки ин боиси афзоиши сусти ҷисмонии онҳо мегардад. Бинобар ин, Вазорати маорифро зарур аст, ки масъалаи зиёд намудани дарсҳои тарбияи ҷисмониро омўхта, доир ба ислоҳи вазъ чораҳои дахлдор андешад.
Ҳарчанд ки вобаста ба гузариш ба низоми бисёрзинагии таълим соатҳои дарси тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ кам шудаанд, вале муассисаҳои мазкур имкони ташкили клубҳо ва сексияҳои варзиширо доранд. Аз ин рў, Вазорати маориф ва муассисаҳои мазкур вазифадор карда мешаванд, ки вобаста ба имкониятҳо аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ба хотири рушди тарзи ҳаёти солим ва таъмини саломатии ҷавонон дар назди хобгоҳхо ва биноҳои таълимӣ клубҳо ва сексияҳо ташкил намуда, барои гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ тадбирҳо андешанд.
Солҳои охир доир ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ оид ба фанни тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим аз ҷониби Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аммо дар шароити имрўза ҳоло ҳам доир ба варзиш маводи кам ба дасти хонанда, донишҷў ва омўзгор мерасад. Вобаста ба ин, вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои технологияи иттилоотӣ таҳия ва пахши маводи нави таълимиву омўзишӣ ва тарғиботиву ташвиқотиро дар соҳаи варзиш вусъат бахшанд.
Масъалаи дигаре, ки мехоҳам таваҷҷўҳи шуморо ба он ҷалб намоям, ин мушкилоти идоракунии варзиш ва фаъолияти федератсияҳои варзишӣ мебошад. Ҳоло дар кишвари мо қариб 50 федератсияи варзишӣ амал мекунад, ки қисме аз онҳо ба хотири рушди соҳа аз шароиту имкониятҳои мавҷуда фаъолона истифода мебаранд. Масалан, Федератсияи миллии таеквондо (роҳбараш Мирсаид Яҳёев), ки фаъолияти он барои дигар федератсияҳо метавонад намуна бошад. Вале дар айни замон хотирнишон бояд кард, ки на ҳамаи федератсияҳо барои оммавӣ гардонидани варзиш ва ҳарчи зиёдтар ҷалб намудани ҷавонон ба навъҳои гуногуни он ташаббус нишон медиҳанд. Баъзеи онҳо бо дастовардҳои муайяни соҳа ва доираи ҷудогонаи варзиш маҳдуд гардида, барои тавсеаи фаъолият дар бахшҳои нави варзишӣ кўшиш намекунанд. Илова бар ин, тақрибан 90 фоизи федератсияҳо фаъолияти худро барои ширкат ва қувваозмоӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ равона намуда, ҷиҳати рушду инкишофи оммавии варзиш дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар қариб ягон тадбир намеандешанд. Ҳол он ки оммавигардонии варзиш вазифаи асосии федератсияҳо буда, онҳо ҳамчун сохторҳои ваколатдор амалан бояд сиёсати соҳаро пеш баранд. Имрўз қисми зиёди федератсияҳои варзишӣ ба ташкилотҳои мухтор ва пўшида табдил ёфта, қарорҳои қабулнамудаи онҳо ба меъёрҳои варзишӣ ва талаботи соҳа ҷавобгў намебошанд. Гузашта аз ин, бисёре аз федератсияҳо ҳамагӣ як ё ду варзишгарро дастгириву муаррифӣ менамоянду халос. Аз ин рў, зарур аст, ки Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади рушди соҳа ҷавонону варзишгарони ояндадорро аз тамоми минтақаҳо интихоб намуда, барои қувваозмоии онҳо дар мусобиқаҳои ватаниву байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Мушкилоти дигари федератсияҳои варзишӣ шаффоф набудани фаъолияти молиявии онҳост. Баъзе федератсияҳои варзишӣ барои гузаронидани як чорабинӣ ҳам аз мақомоти давлатӣ, ҳам Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳам федератсияҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони кўмакрасон маблағ мегиранд. Чунин вазъият тақозо менамояд, ки сохторҳои марбута сарфу харҷи маблағҳои барои чорабиниҳои варзишӣ ҷудошударо таҳти назорат қарор диҳанд.
Имрўз қисми зиёди федератсияҳо на танҳо суроғаи муайян, балки барнома ва нақшаи доимии фаъолият, толорҳои варзишӣ ва лавозимоти зарурии ба талаботи замон ҷавобгў надоранд, инчунин роҳбарони баъзе федератсияҳо шахсони тасодуфӣ мебошанд. Ҳоло фурсати он расидааст, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ дар баробари андешидани чораҳои муассир барои оммавигардонии варзиш, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон намудҳои афзалиятнокро муқаррар намуда, дар доираи барномаҳои соҳавӣ маблағгузории онҳоро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд. Ҳамзамон бо ин, доир ба ривоҷи намудҳои дигари варзиш, аз ҷумла алпинизми кўҳӣ, тўби дастӣ ва монанди инҳо, инчунин ҷалби маъюбон ба варзиш чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, барои пешрафт ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои варзишӣ роҳбарии онҳоро бояд шахсони ташкилотчӣ ва дорои масъулияти баланд ба ўҳда гиранд.
Дар навбати худ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ бояд натанҳо бо масъалаҳои молиявӣ машғул бошанд, балки фаъолияти федератсияҳоро давра ба давра таҳлил намуда, интихоби варзишгарон, тасдиқи барномаҳои омодагӣ, таъйини мураббиён ва доварони сатҳи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сарпарастонро зери назорат гиранд ва ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Илова бар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки вобаста ба муайян намудани имтиёзҳо барои соҳибкороне, ки варзишгоҳу майдонҳои варзишӣ сохта, ба таври ройгон ба моликияти давлатӣ месупоранд, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд. Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузории соҳаи варзишро ҳамасола зиёд карда, ҳамзамон бо ин, як қисми маблағҳои аз ҳисоби иҷрои барзиёди буҷет бадастомадаро барои рушди соҳаи зикршуда равона намоянд.
Омили дигари ба дараҷаи кофӣ густариш наёфтани соҳаи варзиш дар кишвар - сатҳи пасти таблиғоти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тавассути воситаҳои ахбори умум мебошад. Дар шароити имрўза ҳарчи бештар ва ҳадафноку пурмўҳтаво ташвиқ намудани варзиш ва аҳамияти бузурги он ба насли ҷавон таъсири мусбат мерасонад, ғайрату қувват ва азму иродаи онҳоро ба самти зарурии ҳаётӣ равона месозад.

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи мо бояд як нуктаи басо муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки истиқлолият имкон дод, то мо тавонем ҳамаи масъалаҳои марбут ба давлату давлатдорӣ ва ояндаи халқамонро аз нигоҳи манфиатҳои кишвари соҳибистиқлоламон арзёбӣ намоем. Фикр мекунам, ки мо ба варзиш ҳам бояд аз ҳамин мавқеъ баҳо дода, онро ба ниёзи доимии иҷтимоӣ дар ҷомеа табдил диҳем. Ба ибораи дигар, рушди соҳаи варзиш ва ҳарчи бештар оммавӣ гардонидани он бояд ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии ҳукумати Тоҷикистон эътироф карда шавад ва дастгирии давлатии ин соҳаи муҳим ҳамаҷониба таъмин гардад.
Бо дарназардошти андешаҳои иброзгардида ва бо мақсади мусоидати бештар ба ҳалли ҳадафманди мушкилоти соҳаи варзиш, инчунин ҷиҳати ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии варзишӣ пешниҳод мегардад, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шавад.
Вазорату идораҳои дахлдор Барномаи маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соли ҷорӣ барои солҳои 2011-2013 аз ҷониби ҳукумат қабул гардидааст, ба барномаи панҷсола табдил дода, дар он масъалаҳои таъмир ва таҷдиди иншооти варзишӣ, масъулияти сохторҳои ваколатдор дар соҳаи варзиш ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ гарданд. Илова бар ин, ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи солҳои наздик бунёд намудани Маркази омодагии олимпӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш таваҷҷўҳ ва ғамхории доимӣ зоҳир намуда, доир ба сохтмони маҷмааҳои варзишӣ дар сатҳи баланд, инчунин бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ чораҳои муассир андешанд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки варзиш - гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрўзу фардои давлат мебошад. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, барои беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа ва парвариши насли солиму нерўманд аҳамияти бузург дорад. Тарғибу ташвиқи мақсадноки он имкон медиҳад, ки аҳолии кишвари мо ҳарчи бештар бо варзиш машғул гардида, тарзи ҳаёти солим ва нерўи созандаи худро ба фарҳанги зиндагии замонавӣ мутобиқ созанд. Барои рушди соҳаи варзиш мо дар мамлакат имконияту захираҳои зарурӣ дорем ва бояд аз онҳо оқилонаву мақсаднок истифода намоем.
Дар рушду тавсеаи варзиш дар кишвари мо нақшу нуфузи шумо - варзишгарони мўҳтарам, хеле калон аст. Маҳз шумо бояд дар байни табақаҳои гуногуни аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон зарурати пешрафту густариши соҳаи варзишро тарғиб намуда, таҷрибаи худро ба онҳо омўзонед. Фаромўш насозед, ки насли ҷавони болаёқату меҳанпарвар ва бонангу номуси Ватан аз шумо ва корнамоиҳои варзишиатон сабақи бузурги ҳаётӣ мегирад ва устуворона аз пайи шумо меравад.
Шумо бояд бо кору пайкори ибратомўзи ҳамарўзаатон собит созед, ки варзиш маънои нерўмандию солимӣ, бардамию дарозумрӣ ва шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватанро дорад. Дар лаҳзаҳои садо додани Суруди миллӣ ва афрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарафи варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тамоми халқи кишвар худро сарбаланду пирўз меҳисобад, дар замири ҳар як шаҳрванди ватандўсту бонангу номус аз ин дастовардҳои фарзандони шўҳратёри Ватан ифтихори беандоза бедор мешавад. Шумо дар ёд дошта бошед, ки миллати ҷисман солим рўҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад.
Итминони комил дорам, ки солҳои наздик Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи самтҳои варзиш ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад ва аз ҷумла корнамоиву пирўзиҳои шумо, ҳозирини гиромӣ, дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. Орзу дорам, ки сулҳу амонӣ, файзу баракат, тансиҳативу пирўзиҳо ҳамеша насиби ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо - пешоҳангони соҳаи варзиш бошанд ва Ватану миллати соҳибтамаддуни мо дар радифи кишварҳои паҳлавонпарвару ояндасоз ҷой гирад.
Дар фарҷоми сухан бори дигар ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва ба хотири таҳкими шўҳрату обрўи Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол пирўзиҳои тоза ва фатҳи қуллаҳои нав ба нави варзиширо орзумандам.

Ҳамеша саломату дастболо бошед!