22.02.2018
: 2022
Дар толори маҷлиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иқдоми Клуби волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар рушди Ҳаракати олимпӣ” мизи мудаввар доир гашт. Дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои варзишӣ ва волонтёрон иштирок намуданд.
Суҳбатро Назарзода Ризо, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш кушода, аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди варзиш ёдовар шуд. Қайд гардид, ки Сарвари давлат аз рӯзи нахустини роҳбар интихоб шуданашон дар баробари масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ таваҷҷуҳ карданд, ки натиҷаҳои баланди варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ гувоҳи ин гуфтаҳост. Варзишгарони Тоҷикистон, агар дар давоми 70 соли шӯравӣ ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, пас бо шарофату дастгириҳои Пешвои миллат дар 25 соли соҳибистиқлолӣ варзишгарони мо дар чемпионатҳои ҷаҳону Осиё 4170 медал ба даст овардаанд. “Баъд аз мулоқоти Пешвои миллат бо масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарон дар санаи 20 декабри соли 2010 соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ бештар рушд кард ва беш аз 6000 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд”, - гуфт Назарзода Р.
Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон Мавзуна Чориева доир ба омодагиашон ба мусобиқаҳо ёдовар шуданд. Аз ҷумла, Дилшод Назаров гуфт, ки солҳои аввали ба варзиш машғул шуданаш барои тамрин шароит набуд. “Барои ба варзишгоҳ рафтану омадан 7 километрро пиёда тай мекардам. Нақлиёти ҷамъиятӣ набуд. Имрӯз бошад, барои тамрини ҳамаи намудҳои варзиш тамоми шароит муҳайё аст. Танҳо соли 2017 дар шаҳри Душанбе беш аз 70 майдончаи варзишӣ сохта шуда, имсол сохтмони боз 90 майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст”.
Мавзуна Чориева дар навбати худ аз афзудани сафи духтарони варзишгар изҳори хушнудӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Солҳои аввали ба варзиш машғул шудани ман духтарон умуман набуданд ва ман худам танҳо ҳамроҳи писарон машқ мекардаму ба мусобиқаҳо омодагӣ медидам. Хушбахтона, имрӯз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи духтарони варзишгар дар толорҳои варзишӣ зиёд шудааст”.
- Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 бо мақсади ҳимояи шарафи варзиши Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, таъмини рушди олимпизм дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, 24 сентябри соли 1993 ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шуд, - гуфт Абдуллозода Муҳаммадшо, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зимни маърӯза. - Дар солҳои аввали истиқлолият, замоне ки дар кишвар кашмакашиҳои сиёсӣ ва бетартибию беқонунӣ ҳукмрон буд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сарвари ҷавони давлат, Раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарон ба тамрин машғул шуда, ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар мегардиданд ва бо медалҳо ба Ватан бармегаштанд. Ба кашмакашиҳои сиёсӣ нигоҳ накарда, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 1994 дар XII Бозиҳои Осиё, ки дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон баргузор шуд, ширкат кард. Дар ин бозиҳо варзишгарони мо сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд. Умуман, дар Бозиҳои тобистонаи Осиё Тоҷикистон то имрӯз сазовори 21 медал, аз ҷумла 4 медали тилло гардидааст. Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ бошад, аз соли 1996 ширкат мекунад ва то имрӯз сазовори 4 медали олимпӣ гардидааст – 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ.
Баъд аз Президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009 соҳаи варзиш, аз ҷумла ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ бештар рушд кард. Хусусан, баъд аз мулоқоташон бо варзишгарон дар санаи 20 декабри соли 2010. Аз ин пештар, 28 марти соли 2007 Фармони Президенти ҷумҳурӣ “Дар бораи баргузор намудани Дави миллӣ” ба имзо расид, ки ин чорабинии муҳим дар роҳи солим нигоҳ доштани ҷомеа якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир мегардад ва ҳар сол сафи иштирокчиёни он меафзояд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии Пекин-2008 ва Сочӣ-2014 бевосита иштирок карданд, ки ин амалашон боиси руҳбаландии варзишгарон гардид. Ташаббуси созанда ва ғамхоронаи дигари Пешвои миллат нисбат ба варзишгарон он аст, ки 9 январи соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт. Дар асоси ин фармон солҳои 2015-2016 35 варзишгар (соли 2015 – 14 нафар, 2016 – 21 нафар), ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, сазовори медал гардидаанд, сазовори ин ҷоиза - мукофотпулӣ шуданд.
Намояндагони федератсияҳо ва волонтёрон низ доир ба мавзӯи мизи мудаввар маърӯза карданд.
Иштирокчиёни мизи мудаввар Осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-ро, ки 14 феврал бо иштироки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, тамошо карда, бо дастоварҳои беҳтарини варзишгарони Тоҷикистон шинос шуданд.