02.02.2018
: 1756
Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ бозии аввалашро дар чемпионати Осиё-2018, ки дар Тайпейи Чин ҷараён дорад, бар тими Ҷопон бо ҳисоби 2:4 бохт.
Голҳоро дар ҳайати тими Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров ва Некрӯз Алимаҳмадов заданд.
Акнун барои аз гурӯҳ баромадан бозингарони моро зарур аст, ки дар даври дуюм тими Узбекистонро, ки дар бозии аввалаш бар тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 13:2 ғалаба кард, мағлуб намоянд. Дидори дастаҳои Тоҷикистону Узбекистон фардо - 3 феврал баргузор мешавад.
Чемпионати Осиё-2018 оид ба футболи толорӣ
Гурӯҳи «В». Даври 1-ум
Ҷопон – ТОҶИКИСТОН – 4:2
Голҳо: Шимидзу, 1 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 6 (1:1). Нибуя, 9 (2:1). Хошӣ, 11 (3:1). Некрӯз Алимаҳмадов, 13 (3:2). Мориока, 37 (4:2).
Узбекистон – Кореяи Ҷанубӣ – 13:2
Бозиҳои боқимонда:
Даври дуюм. 3 феврал (шанбе)
13:30. ТОҶИКИСТОН – Узбекистон
16:00. Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон
Даври сеюм. 5 феврал (душанбе)
13:30. ТОҶИКИСТОН – Кореяи Ҷанубӣ
13:30. Узбекистон – Ҷопон
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
Ветнам – Малайзия – 1:2
Тайпэйи Чин – Баҳрайн – 2:2