Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • 24 Ayni Street, 734025 Dushanbe, Tajikistan
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj

Дар бораи мо

Мақсад ва вазифа

Мақсадҳои асосии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Ба роҳ мондан, таблиғ ва ҳимояи Ҳаракати олимпизм дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, усулҳои асосӣ ва аҳамияти олимпизм дар алоҳидагӣ ва дар самти варзиш ва маориф.

- Ба воситаи иштирок дар омода кардани барномаҳои таълимии олимпӣ барои муассисаҳои таълимӣ дар руҳияи олимпизм, тарзи ҳаёти солим ба камол расидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кардан.

- Дар асоси Муоҳидаи олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) намояндагӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои олимпии наврасон ва ҳамаи мусобиқаи варзишии минтақавӣ, қитъавӣ ва ҷаҳонӣ, ки зери сарпарастии КБО, Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) ва Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (АКМО) доир мегарданд.

- Таъмини риояи Муоҳидаи олимпии КБО дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Ҷиҳати дар сатҳи баланд рушд кардани соҳаи варзиш мусоидат кардан.

- Татбиқи назорати манъи истифодаи моддаҳои барагезандаю нерӯафзо (допинг) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати манъи зӯроварӣ ва таҷовуз дар варзиш.


Вазифаҳои Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Дар таъсис додани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои варзиш иштирок карда, ҷиҳати ширкати онҳо дар Бозиҳои олимпӣ ва дигар чорабиниву мусобиқаҳои варзишӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

- Кодекси ҷаҳонии зиддидопингиро эътироф ва риоя намуда, барои таъмини иҷрои он чора меандешад.

- Ҷиҳати тайёрии варзишгарон ва омодагии онҳо барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалии варзишие, ки таҳти сарпарастии КБО, ШОО ё федератсияҳои варзишии байналмилалӣ баргузор мешаванд, мусоидат мекунад.

- Либоси варзишӣ, рафту омад, будубош, суғуртаи ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалии варзишие, ки таҳти сарпарастии КБО, ШОО ё федератсияҳои варзишии байналмилалӣ баргузор мешаванд, таъмин менамояд.

- Мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ фаъолияти федератсияҳои варзиширо аз рӯи намудҳои варзиши олимпӣ ҳамоҳанг сохта, манфиатҳои онҳоро дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ мекунад.

- Мавқеъ ва обрӯю эътибори варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя мекунад.

- Ба вусъату инкишофи оммавияти варзиш, бозиҳои мардумӣ ва намудҳои миллии варзиш мусоидат мекунад.

- Дар ташкил ва баргузор кардани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни маъюбон мусоидат мекунад.

- Манфиатҳои варзишгарон, мураббиён, доварон ва собиқадорони соҳаро метавонад ҳифз кунад.