До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:

Дзюдо: медали биринҷии Сомон дар ЧҶ-2017 миёни ҷавонон


Сомон Маҳмадбеков дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия ҷараён дорад, дар вазни -66 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.  

Футбол: “Истиқлол” ба финали Ҷоми КФО роҳ ёфт


Қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол”-и Душанбе бозии ҷавобии даври финалии марҳилаи байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-ро бо тими "Бенгалуру”-и Ҳиндустон мусовӣ (2:2) карда, ба даври финалӣ роҳ ёфт.   

Допинг: варзишгарони маъруфи кишвар ташхис шуданд


Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти миллии зидди допинги ҷумҳурӣ варзишгарони кишвар барои истифода накардани допинг ташхис мешаванд.  

Дар Сочӣ аввалин саммити мутахассисони ҷавони соҳаи варзиш шуруъ шуд


Ҷумҳурии моро дар ин чорабинӣ қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров ва корманди Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳина Муллоева намояндагӣ мекунанд.  

Дзюдо: ҳарифони варзишгарони мо дар ЧҶ-2017 миёни ҷавонон киҳоянд?


Дар рӯзи аввал Суҳроб Боқиев дар вазни -60 кг бар Катз Ҷошуа аз Австралия ғалаба кард.  

Футзал: Тоҷикистон ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт


Дар бозии марҳилаи интихобии минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ футзалчиёни мо дар гурӯҳи "В” 16 октябр тими Афғонистонро бо ҳисоби 4:3 мағлуб кард.