До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
Рио-Де-Жанейро 2016

15 қувваозмоии нав дар Олимпиадаи Токио-2020


9 июн дар қароргоҳи Кумитаи байналмилалии олимпӣ – шаҳри Луизаннаи Швейтсария – ҷаласаи кумитаи иҷроия баргузор гардид, ки дар он аз ҷумла ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 тағйирот ворид карда шуд.  

Сомон дар Ҷоми Аврупо ҷои панҷумро ишғол кард


Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми кушоди Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар вазни -66 кило сазовори ҷои панҷум гардид.  

Медали нуқраи Дилшод Назаров дар Олмон


Варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров – қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 – дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ сазовори медали нуқра шуд.  

“Истиқлол” ба марҳилаи баъдии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт


Чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 дар гурӯҳи "D” тими "Олтин Асир”-и Ашхободро (Туркманистон) бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба марҳилаи баъдии мусобиқа – нимфинали байниминтақавӣ - роҳхат гирифт.  

Самбо аз барномаи Бозиҳои Осиё ҳазф шуд


Дар Бозиҳои Осиё-2018, ки аз 18 август то 2 сентябри соли оянда дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия доир мегардад, мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои варзиши самбо, билярд, бодибилдинг, крикет, шоҳмот, рақси варзишӣ сурат намегирад.  

“Алибаба” бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ шартномаи ҳамкорӣ бастанист


Дар рӯзи дуюм ширкаткунандагон бо имкониятҳои хадамоти шарики тиҷоратии нав "Алибаба", ки қароргоҳи асосиаш дар шаҳри Гуанжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ аст, ошноӣ пайдо карданд. Ин ширкати маъруфи чинӣ тасмим гирифтааст, ки бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонад.
Узнайте о строительстве дома и что же такое бесшовные трубы