До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
Рио-Де-Жанейро 2016

4 медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ


Варзишгарони кишвар дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар намуди варзишҳои зӯрхонаӣ соҳиби 4 медали биринҷӣ шуданд. Наврӯз Арабов дар намудҳои санг ва мили сангин ду медал, Назарали Абдуалӣ дар намуди чархи чаманӣ ва Исмоил Сангов дар намуди каббода якмедалӣ ба даст оварданд.  

10-умин Дави миллӣ дар Душанбе бо иштироки 51300 нафар доир гашт


Имрӯз – 21 май – дар ҷумҳурӣ дар доираи чорабиниҳои Соли ҷавонон 10-умин Дави миллӣ баргузор шуд. Дар шаҳри Душанбе 51300 нафар намояндагони синну соли гуногун дар ин чорабинии муҳими варзишӣ иштирок карда, аз дидбонгоҳи Чорбоғ то Наврӯзгоҳ, ки масофаи 10 километрро ташкил медиҳад, давиданд.  

Иштироки беш аз 1000 нафар дар аввалин марафони велосипедронӣ


Дар ин чорабинии варзишӣ беш аз 1000 нафар велосипедсавор аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар масири майдони "Дӯстӣ” – посгоҳи Чорбоғ, ки беш аз 10 километрро ташкил медиҳад, ширкат намуданд.  

Нокомии варзишгарони тоҷик дар 7 рӯзи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ


Дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷараён дорад, пас аз 7 рӯзи мусобиқаҳо дастаи мунтахаби Туркия бо ба даст овардани 155 медал (60 тилло, 52 нуқра, 43 биринҷӣ) дар ҷадвали бозиҳо ҷои аввалро ишғол кардааст.  

Ҷоми КФО-2017: “Истиқлол” дар меҳмонӣ “Дордой”-ро шикаст дод


Тими "Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар гурӯҳи "В” дар меҳмонӣ бар тими "Дордой”-и Бишкек (Қирғизистон) ғалаба кард – 4:1.  

Исломиада: Туркия ба ҷои аввал баромад


Дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷараён дорад, пас аз се рӯзи мусобиқаҳо варзишгарони Туркия бо ба даст овардани 35 медали тилло, 32 нуқра ва 27 биринҷӣ дар ҷадвали бозиҳо ба ҷои аввал баромаданд.  
Узнайте о строительстве дома и что же такое бесшовные трубы