07.04.2025
Санаи 7 апрели соли 2025 дар ҳошияи форуми Шӯрои олимпии осиё ва Ҳамбастагии олимпӣ “Дав барои дилхушӣ” (Fun Run) баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар иштирок намуданд.
Боиси қайд аст, ки дар «Дави дилхушӣ” роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шӯрои олимпии Осиё ва Ҳамбастагии олимпӣ иштирок намуданд.
Дави мазкур аз 1000 метр (1км) иборат буда, иштирокчиён масофаи мазкурро фаъолона ва бо дилхушӣ тай намуданд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи тадорукоти бозиҳои Осиё ҷиҳати дар сатҳи олӣ баргузор намудани форуми мазкур бо медали Шӯрои олимпии Осиё сарфароз гардонида шуданд.
Зимнан қайд намудан ба маврид аст, ки дигар иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо медалҳо ва сертификатҳои Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи тадорукоти бозиҳои Осиё сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин боиси қайд аст, ки ғолиби иштирокчии озмуни “Хабарнигорони ҷавон”, ки дирӯз санаи 6 апрели соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Бозиҳои Осиёӣ” баргузор гардид, Норова Румайза муайян гардида, бо медал сертификат ва дигар туҳфаҳои Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи тадорукоти бозиҳои Осиёӣ сарфароз гардид.