06.04.2025
Дар ҳошияи форуми Шӯрои олимпии осиё ва ҳамбастагии олимпӣ санаи 6 апрели соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Хабарнигорони ҷавон” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 25 нафар хабарнигорони ҷавон иштирок намуданд.
Мақсади баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи касбияти рӯзноманигорони ҷавон барои инъикоси намудҳои варзиши олимпӣ дар сатҳи байналмилалӣ буда, намояндагони Кумитаҳои миллии олимпии Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ бо маърӯза ва презентатсияҳо дар назди иштирокчиён баромад намуданд.