Санаи 3 - юми апрели соли 2025 дар шаҳри шаҳри Душанбе мулоқоти Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Маҳмуд Хусрави Вафо - Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш, ки бо мақсади иштирок дар Форуми Шурои олимпии Осиё ва Ҳамбастагии олимпӣ ба кишвари Тоҷикистон омадаанд, доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи варзиш ва фаъолияти олимпӣ табодули назар намуданд. Таъкид гардид, ки рушди муносибатҳои варзишӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Ҷонибҳо дар рафти суҳбат оид ба созишномае, ки миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки санаи 6 - уми апрели соли 2025 масъалаи баимзорасонии он ба нақша гирифта шудааст, табодули афкор намуданд.
Роҳбарияти КМО Тоҷикистон бо ишора ба нақши варзиш дар таҳкими равобити дӯстона байни кишварҳо иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти мубодилаи таҷриба, баргузор намудани мусобиқаҳои муштарак ва рушди донишу ҷаҳонбинии варзишгарони ҷавон тақвият диҳад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки рушди варзиш ва тарзи ҳаёти солим аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Хусрави Вафо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷониби Эронро барои таҳкими робитаҳои варзишӣ ва мусоидат ба рушди варзишгарони тоҷик таъкид намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, иштирок дар чорабиниҳои олимпӣ ва густариши робитаҳои мутақобилан судманди ҳарду кишвар дар соҳаи варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимнан, ҷонибҳо барои таҳким ва рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи варзиш изҳори омодагӣ намуда, ба аҳамияти ҳамкории дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии олимпӣ таъкид намуданд.
Сипас, баъд аз анҷоми суҳбату мулоқот ҳайати расмии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз дастовардҳои осорхонаи “Шарафи олимпи” – и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон боздид намуданд.