04.04.2025
: 47
Баргузории Форуми Шӯрои олимпии осиё ва Ҳамбастагии олимпӣ бо талош ва ҳидояту роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба инобат гирифта шудааст.
Дар доираи форуми мазкур баргузории озмуни “Рассомони ҷавони соҳаи варзиш” тарҳрезӣ гардида буд, ки он санаи 3 апрели соли 2025, соати 10:00 бо иштироки 20 нафар (10 духтар ва 10 писар) аз ҳисоби наврасони Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Боиси қайд аст, ки иштирокчиён дар мавзуъҳои “Варзиши дӯстдошта” ва “Варзишгари дӯстдошта” расмҳо тасвир намуда. шахсиятҳои зерин аз ҷониби аъзоёни комиссия ғолибони озмуни мазкур интихоб гардиданд:
1. Нозимзода Омина;
2. Амирова Оиша;
3. Пиров Ҷалолидин;
4. Бердиев Идрисҷон.
Ҳамчунин қайд менамоем, ки расмҳои тасвирнамудаи ғолибони озмун зимни баргузории 20-умин бозиҳои Осиёӣ, ки соли 2026 дар кишвари Ҷопон дар назар аст дар шаҳраки Олимпӣ овезон хоҳанд гардид.