10.02.2025
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳарбини Ҷумҳурии Мардумии Чин санаи 7 - уми феврали соли 2025 Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Шайх Ҷоан бин Ҳамад Ал-Танӣ - Президенти Кумитаи миллии олимпии Қатар, ноиби аввали Президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор доданд:
✓ инкишофи варзиши олимпӣ – мубодилаи таҷриба дар омодасозии варзишгарон ба бозиҳои олимпӣ;
✓ барномаҳои ҳамкории ҷавонон – ташкили лагерҳои омӯзишӣ ва барномаҳои табодули таҷриба;
✓ таҳкими инфрасохтори варзишӣ – ҷалби сармоягузорӣ барои рушди иншооти варзишӣ дар Тоҷикистон;
✓ иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ – ташкили чорабиниҳои муштарак ва иштироки фаъолонаи варзишгарони ҳарду кишвар.
Ҳамзамон ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории мутақобиларо дар баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон ва рушди барномаҳои варзишӣ таъкид намуданд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки бо дастгирии кишвари Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таълимии варзишӣ роҳандозӣ шуда, мутахассисони соҳа бо технологияҳои муосири тайёрии варзишгарон шинос шаванд.
Сипас, дар фарҷоми сӯҳбат ҷонибҳо баҳри тавсеаи ҳамкориҳо дар самти варзиш иброз намуданд, ки мубодилаи таҷриба байни мураббиён ва варзишгарони ҳарду кишвар ҷоннок карда шуда, баргузории мусобиқаҳои муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба роҳ монда шавад.
Ин мулоқот дар таҳкими ҳамкориҳои варзишӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар муҳим арзёбӣ гардида, барои рушди минбаъдаи равобити дуҷониба заминаи устувор фароҳам овард.