Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мулоқоти роҳбарияти КМО Тоҷикистон бо Президенти КМО Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мулоқоти роҳбарияти КМО Тоҷикистон бо Президенти КМО Ҷумҳурии Исломии Эрон Мулоқоти роҳбарияти КМО Тоҷикистон бо Президенти КМО Ҷумҳурии Исломии Эрон Мулоқоти роҳбарияти КМО Тоҷикистон бо Президенти КМО Ҷумҳурии Исломии Эрон Мулоқоти роҳбарияти КМО Тоҷикистон бо Президенти КМО Ҷумҳурии Исломии Эрон

10.02.2025

    Санаи 7 - уми феврали соли 2025 дар шаҳри Ҳарбини Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Маҳмуд Хусрави Вафо - Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

      Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи варзиш ва фаъолияти олимпӣ табодули назар намуданд. Таъкид гардид, ки рушди муносибатҳои варзишӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад.

    Роҳбарияти КМО Тоҷикистон бо ишора ба нақши варзиш дар таҳкими равобити дӯстона байни кишварҳо иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти мубодилаи таҷриба, баргузор намудани мусобиқаҳои муштарак ва рушди донишу ҷаҳонбинии варзишгарони ҷавон тақвият диҳад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки рушди варзиш ва тарзи ҳаёти солим аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

      Маҳмуд Хусрави Вафо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷониби Эронро барои таҳкими робитаҳои варзишӣ ва мусоидат ба рушди варзишгарони тоҷик таъкид намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, иштирок дар чорабиниҳои олимпӣ ва густариши робитаҳои мутақобилан судманди ҳарду кишвар дар соҳаи варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Зимнан, ҷонибҳо барои таҳким ва рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи варзиш изҳори омодагӣ намуда, ба аҳамияти ҳамкории дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии олимпӣ таъкид намуданд.